ГУСТАРИШИ ҲАМКОРӢ

16-09-2019
13-уми сентябри соли ҷорӣ дар толори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии вазири маориф ва илм Нуриддин Саид бо Сафири Ҷумҳурии Туркия дар Тоҷикистон Али Рифат Кёксал, Раиси Бунёди маорифи Туркия Бирол Акгюнг, консули Ҷумҳурии Туркия дар Тоҷикистон Эмре Полат ва дигар намояндагон баргузор гашт. 
Зимни мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркияро дар соҳаи маориф ва илм мавриди муҳокима қарор доданд.
Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо ҷиҳати ба имзо расонидани Ёддошти тафоҳум дар соҳаи маориф ва илм ба мувофиқа расиданд.
Саймуҳаммади ИЗЗАТУЛЛО