Гурӯҳи ташаббускор - зидди нашъамандӣ

05-04-2018
Дар коллеҷи омӯзгории шаҳри Кӯлоб бо мақсади пешгирӣ намудан аз бемории нашъамандӣ нақшаи чорабиниҳо таҳия намуда, аз ҳисоби омӯзгорону донишҷӯёни фаъоли коллеҷ  гурӯҳи ташаббускор таъсис дода шудааст. Дар байни омӯзгорону донишҷӯён  дар мавзӯъҳои “Нашъамандӣ - вабои аср”, “Аз нашъамандӣ ҳазар”, “Нашъамандӣ ва оқибатҳои он”, “Нашъамандӣ моро ба ҷаҳолат мебарад” ва “Ҷавонон зидди нашъамандӣ” мунтазам суҳбату вохӯриҳо, викторинаву чорабиниҳои илмӣ-фарҳангӣ гузаронида мешаванд. 
Тавре ки Фарҳод Шафиев, директори коллеҷ, иброз намуд,  наврасону ҷавонони гирифтори бемории нашъамандӣ дар ҳудуди шаҳр ва гирду атрофи он афзудааст. Нашъамандиро вабои аср унвон намуданд, ки бесабаб нест ва зеҳни ҷавонони ҷомеаи моро низ ин маризӣ заиф мегардонад.