Ғолибият муборак

06-09-2018
Аз 1-ум то 8-уми сентябри соли 2018 дар шаҳри Сукубаи давлати Япония 30-юмин Олимпиадаи ҷаҳонӣ аз фанни технологияи иттилоотӣ (30th IOI 2018) баргузор гардид. Дар он 350 нафар довталаб аз 87 давлати дунё иштирок намуданд. Ҷумҳурии Тоҷикистонро 4 нафар-Ҳакимиён Фарҳод Фармон-хонандаи Муассисаи давлатии таълимии "Литсей барои хонандагони болаёқат" дар шаҳри Душанбе, Магзумов Давлатхоҷа-хонандаи Муассисаи давлатии таълимии "Литсей барои хонандагони болаёқати равияи иқтисодӣ" дар шаҳри Душанбе, Мамадшоев Акмал ва Ашурзода Хусрав - хонандагони Литсей-интернати тоҷикӣ-русӣ "Ҳотам ва ПВ" дар шаҳри Душанбе муаррифӣ намуданд. Дар ҷамъбасти олимпиада Ҳакимиён Фарҳод Фармон аз Муассисаи давлатии таълимии "Литсей барои хонандагони болаёқат" дар шаҳри Душанбе сазовори ҷойи дуюм (медали нуқра) гардида, шарафи Тоҷикистони азизамонро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардошт.