Футболи хурд барои Ҷоми вазири маориф ва илм оғоз ёфт

17-03-2018
Бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 17 марти соли равон дар толори варзишии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 100-и пойтахти мамлакат мусобиқаи анъанавӣ бахшида ба «Наврӯзи байналмилалӣ- 2018» байни сохторҳои Вазорати маориф ва илм ва муассисаҳои таълимии кишвар оид ба футболи хурд барои дарёфти Ҷоми вазири маориф ва илм таҳти шиори «Варзиш- гарави солимии ҷомеа» оғоз ёфт. 
Дар расми ифтитоҳи мусобиқа муовини якуми вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Р. Мирбобоев намояндагони варзишгаронро аз Вазорати маориф ва илм, сохторҳои он, муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, Мактаби байналмилалии Президентӣ ба муносибати фарорасии Наврӯзи дилафрӯз табрик намуда, ба онҳо дар кору таҳсилашон дастовардҳои намоён таманно кард. 
Раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илм Р. Одиназода оид ба шартҳои мусобиқа, имтиёзҳои ғолибон маълумот дода, қайд кард, ки дастаҳои ғолиб бо туҳфаҳои хотиравӣ ва пулӣ мукофотонида хоҳанд шуд. Сипас, мусобиқаи аввалин бо иштироки дастаҳои Коллеҷи техникӣ- омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ ва сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе баргузор гардид. Дар мусобиқа 26 даста ширкат меварзад, ки он то 21 апрел идома меёбад.
Маркази матбуоти Вазорати маориф 
ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон