ФУРӮЗОНГАРИ ЧАРОҒИ МАЪРИФАТ

02-10-2018
Паёми табрикии вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид ба ифтихори Рӯзи омӯзгорон
Устодони арҷманд!
Омӯзгорони муҳтарам!
 Фарорасии Рӯзи омӯзгорон – ин рӯзи барои тамоми сокинони кишвар фараҳбору фархундаро ба ҳамаи шумо самимона табрику таҳният мегӯям. Таҷлили ҳамасолаи ин фархундарӯз дар ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо, пеш аз ҳама, нишони эҳтирому эътиқоди хоса ба кулли алоқамандони соҳаи маориф мебошад. Воқеан ҳам, тоҷикон табиатан ва аз қадим нисбат  ба омӯзгор ва пешаи пуршарафи омӯзгорӣ таваҷҷуҳи зиёд доштаанд ва миёни эшон устодон ҳамеша соҳибэҳтирому садрнишин будаанд. Ниёгони хирадоини мо мартабаи устод – омӯзгорро, ҳатто, болотар аз мартабаи падар донистаанд, ки ин далели барҷастаи эътиқоду эътимоди баланди мардум нисбат ба аҳли таълим аст. Ба ин маънӣ шоири номвар Камолиддин Биноӣ фармуда:
Ҳаққи устод аз падар беш аст
В-аз падар устод дар пеш аст.
Дар замони мо таваҷҷуҳ ва эҳтиром ба омӯзгорон ба шарофати соҳибистиқлолии мамлакат ва аз файзи сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз ҳам афзудааст. Сарвари кишвари маҳбуби мо аз нахустмарҳилаи фаъолияташон маорифро «соҳаи афзалиятнок» эълон намуда, ба ислоҳоти кулли ин соҳаи тақдирсози миллат асос гузоштанд. Пешвои муаззами миллат омӯзгоронро «афрӯзандаи машъали илму дониш» ва «равшанкунандаи хиради башар» номида, бо камоли ихлосу эҳтиром таъкид бинмудаанд: «Муаллим ақл, шарафу виҷдони ҷомеа ва симои асоси он мебошад. Вай донишу заковат, гармии дили худро бедареғ ба шогирдон – фарзандони миллат медиҳад ва хешро аз ин хушбахт мешуморад. Имрӯз масъулияти омӯзгор боз ҳам афзудааст». Воқеан ҳам, истиқлоли кишвар дар назди аҳли таълиму тарбия вазифаҳои бештару масъулиятбортар гузоштааст ва онҳоро мебояд, ки барои дар рӯҳияи ватандӯстию ватандорӣ ва ифтихори миллӣ тарбия намудани насли наврас ва бо донишҳои муҳимми муосир мусаллаҳ намудани ояндасозони ҷумҳурӣ ҷидду ҷаҳди пайваста зоҳир намоянд ва дар ин самт аз навгониҳои соҳа, усулҳои фаъоли омӯзиш ва василаҳои дигари таълиму тарбия пурсамар истифода баранд. Дар замони мо, ки дар саросари олам пайваста воқеаҳои гуногуни пурихтилоф рух медиҳанд ва талоши неруҳои тахрибкору ифротгаро марҳила ба марҳила вусъат меёбад, тарбияи худшиносии миллӣ ва ҳувияти миллии наврасону ҷавонон аҳамияти махсус пайдо кардааст ва вобаста ба ин, нақши омӯзгорон ҳамчун раҳнамоёни роҳи ростин ва ҳидоятгари аъмоли нек боз ҳам барҷастатар гаштааст. Фаъолияти хирадгустаронаи омӯзгорон барои пешгирии гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундгарову манфиатҷӯ ва тахрибкор омили асосӣ ва корагар маҳсуб меёбад.
Хушбахтона, дар ҷомеаи мо барои фаъолияти бавусъату пурбаракати омӯзгорон тамоми шароит фароҳам оварда шудааст. Бунёдкориву созандагӣ дар соҳаи маориф ҳамвора густариш меёбад ва таълимгоҳҳо бо кулли ашёи муҳимтарин – аз барномаву китобҳои дарсӣ то таҷҳизоти техникию лабораторӣ таъмин мешаванд. Бо ҳадафи фароҳамоварии заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти кормандони соҳаи маориф ва дастгирии онҳо дар ҷумҳурӣ асноди зарурӣ ва раҳнамо аз ҷониби мақомоти дахлдор таҳия ва тасдиқ шудаанд.
Боиси ифтихори мост, ки омӯзгорони шарафмандамон дар рушду ободии кишвар, вусъати созандагӣ ва мустаҳкамнамоии аркони истиқлоли ҷумҳурӣ нақши барҷаста доранд ва дар тамоми маъракаҳои сиёсиву иҷтимоии кишвар фаъолонаву эҷодкорона ширкат меварзанд. «Миллате, ки омӯзгори асил надорад, ҳеҷ гоҳ ба ягон мартаба намерасад», - таъкид кардаанд Пешвои миллатамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Хушбахтона, сафи омӯзгорони асили миллати фархундаву тамаддунпарвари мо мунтазам меафзояд ва ин нишони минбаъд ба мақому мартабаҳои  боз ҳам баландтар расидани кишвари азизи мост.
Ба шумо, омӯзгорону устодони азизу муҳтарам ва тамоми кормандони соҳаи маорифи ҷумҳурӣ, ба ифтихори Рӯзи омӯзгорон пирӯзиҳои навин, бахту иқбол ва сиҳатмандии бардавом таманно дорам.
Ҳамеша сарбаланду саодатманд бошед!