ФОРУМИ III БАЙНАЛХАЛҚӢ ОИД БА ТАЪЛИМ БАРГУЗОР ГАШТ

04-10-2019
4-уми октябри соли 2019 дар шаҳри Туркистони Ҷумҳурии Қазоқистон Форуми III байналхалқии Осиёи Марказӣ оид ба таъмини сифати таълим баргузор гашт. Дар ҷаласаи ифтитоҳии он муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Давлатзода суханронӣ намуда, ҳамзамон паёми шодбошии вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид Нуриддин Саидро қироат намуд. Дар кори Форум Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар баробари муовини вазири маориф ва илм, инчунин, роҳбарон ва устодони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар намояндагӣ карданд.
Дар назар аст, ки дар доираи Форуми мазкур масъалаҳои баланд бардоштани сифати таълим ва аз аккредитатсияи байналхалқӣ гузаронидани ихтисосҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар баррасӣ хоҳанд шуд.
Дар баробари ин, дар доираи Форум вохӯрии намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии дигар кишварҳо ба нақша гирифта шудааст.
Саймуҳаммади ИЗАТУЛЛО