Экспедитсияи донишҷӯёни ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров ба ВМКБ

25-06-2021
Рӯзҳои 8-18-уми июни соли равон 15 нафар донишҷӯёни факултети геоэкологияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҷиҳати татбиқи донишҳои назариявӣ ва гузаронидани экспедитсия ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сафар намуданд. 
Саёҳати мазкур, ки давоми даҳ рӯз идома кард, ҷиҳати тавсеаи ҷаҳонбинӣ ва дониши тахассусӣ заминаи мусоид фароҳам овард. Тавре донишҷӯён зикр карданд, дар доираи ин иқдом мутахассисони соҳаи геоэкология тавонистанд, ки доир ба ҷанбаҳои муҳим ва махсусиятҳои экологӣ ва геологии ин минтақаҳо маълумоти муҳиму муфид пайдо намоянд. 
Мавриди зикр аст, ки масъалаҳои рушди соҳаи сайёҳӣ ва сайёҳии экологӣ айни замон як самти афзалиятнок дар робита бо эълон гардидани “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар кишвар ба ҳисоб меравад. Хусусан, ин масъала барои минтақаҳои кӯҳистони Тоҷикистон муҳим мебошад, зеро 93 фоизи кишварамонро кӯҳ ташкил дода, аксарияти мардум маҳз дар минтақаҳои кӯҳистон истиқомат мекунанд. 
Баландкӯҳи Помир, ки онро “Боми ҷаҳон” низ меноманд, асрҳои зиёд боз бо шароитҳои табиӣ, геологию-географӣ, экологӣ ва захираҳои сарватҳои зеризаминӣ ва сайёҳиаш таваҷҷуҳи олимон, табиатшиносон ва намояндагони дигар касбу корро ҷалб намудааст. Помир дорои захираҳои бузурги табиӣ, таърихию фарҳангӣ буда, имконияти рушди зиёда аз 30 намуди самтҳои туристӣ-рекреатсиониро фароҳам меоварад.
Дар солҳои охир, сайёҳӣ хусусияти оммавӣ пайдо карда, дар натиҷаи рушди он ба таври назаррас ба захираҳои табиӣ, таърихию-фарҳангӣ ва экологию туристӣ таъсири калон расонида мешавад. Аз ин рӯ, имрӯз яке аз вазифаҳои афзалиятноки ҳифзи муҳити зист ва баланд бардоштани сатҳи иқтисодиёти кишвар усулҳои инноватсионии рушди туризм, шаклҳои нави дар амалияи ташкили сайёҳӣ ба мақсад мувофиқ буда, асоси он истифодаи экосистемаҳои табиӣ дар ҳолати хуб нигоҳ доштан, қарор дода мешаванд. 
Ҳамзамон, дар натиҷаи омӯзиши махсусият, мушкилот ва афзалиятҳои минтақаҳои мазкур ҷиҳати таъмини пешрафти минтақа, инчунин вобаста ба рушди бештари соҳаи сайёҳӣ Нурматов Шодмон, докторанти ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров пешниҳод менамояд, ки бо ҷалби мутахассисони ҳирфаӣ ба роҳ мондани омӯзиши мунтазами ҷанбаҳои геоэкологиии минтақа ба манфиат мувофиқ аст.
- Ташкили хатсайрҳои кӯтоҳмуддати геоэкологӣ, ки як воситаи таъмини рафтуомад ва ҷалби сайёҳони дохилу хориҷи кишвар мешавад, роҳандозӣ кардани “пресс-тур”-ҳо, ки ҷиҳати муаррифии минтақа ва ҷалби таваҷҷуҳи сайёҳон мусоидат хоҳад кард, гузаронидани озмунҳои гуногун миёни воситаҳои ахбори оммаи кишвар, ки махсус аз минтақаҳои мазкур маводи беҳтарини таблиғотӣ таҳия мекунанд ва ташкили мунтазами таҳқиқотҳои гуногун, таҷрибаҳои илмӣ ва экспедитсия - аз ҷумлаи дигар пешниҳодот аст, ки Ш.Нурматов таъкид кард.




 Бахтовар Сафаров