Даври якуми озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар Вазорати маориф ва илм ҷамъбаст гардид

09-07-2021
5 - уми июли соли равон дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон даври якуми озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” миёни кормандони Вазорати маориф ва илм баргузор гардид. 
Дар озмуни мазкур 7 нафар довталаб аз рӯйи се номинатсия шаркат карданд. Аз рӯй номинатсияи “Адабиёти классикӣ” дар даври якуми озмун Рухсора Окимшоева – коргузори Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ва Мавзунахон Убайдуллоева – мутахассиси пешбари раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз рӯйи номинатсияи “Адабиёти ҷаҳон” Наврӯзи Ҷумъамуроди Абдул – мутахассиси пешбари Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи талаботи тартиби озмун ба даври дуюм роҳ ёфтанд.
Соли сеюм аст, ки бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти нерӯи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ,  инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни аҳолии кишвар, аз ҷумла хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун ба ифтихори ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” баргузор гардида истодааст. 
Бояд қайд кард, ки даври якуми озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар тамоми муассисаҳои таълимӣ ҷамъбаст гардида, дар шаҳру ноҳияҳо даври дуюми озмун баргузор мегардад.
Бахтовар Сафаров