ДАВРИ ҶАМЪБАСТИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ” БАРГУЗОР МЕГАРДАД

03-12-2020
   Рӯзҳои 7-15-уми декабри соли равон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон даври ҷамъбастии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” доир мегардад.
   Дар натиҷаи ҷамъбаст ва муайян намудани ғолибони даври сеюми озмун дар даври чорум-даври ҷумҳуриявӣ 9 нафар аз ВМКБ, 60 нафар аз вилояти Суғд, 79 нафар аз вилояти Хатлон, 58 нафар аз шаҳри Душанбе ва 62 нафар аз ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок менамоянд. 
   Даври ҷамъбастии озмуни  мазкур аз ҷониби ҳайати комиссияи ҷумҳуриявӣ, ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5-уми феврали соли 2020 таҳти №АП-1339 тасдиқ шудааст, доир карда мешавад.
  Тибқи нақшаи тасдиқгардидаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озмун барои иштирокчиёни ҳар минтақа дар рӯзҳои алоҳида баргузор хоҳад  шуд. Озмун барои иштирокчиён аз ВМКБ рӯзи 7-уми декабр, барои иштирокчиёни вилояти Суғд рӯзҳои 7-8 декабр, барои иштирокчиён аз вилояти Хатлон рӯзҳои 9-11-уми декабр, барои иштирокчиён аз НТҶ рӯзҳои 12-13-уми декабр ва барои иштирокчиён аз шаҳри Душанбе рӯзҳои 13-15-уми декабри соли ҷорӣ ҳамарӯза аз соати 9:00 то 16:00 доир мегардад.
  Барои дар сатҳи баланд ва шаффоф ташкил, баргузор ва ҷамъбаст намудани даври ҷамъбастии озмун рафти баргузории он пурра тавассути ВАО инъикос карда мешавад. 
   Ҳамзамон, аз ҷониби Кумитаи тадорукоти озмун барои иштирокчиён сайёҳат дар боғҳои фарҳангию фароғатии шаҳри Душанбе ва Осорхонаи миллӣ ташкил мегардад.
   Маросими ҷамъбастии озмун 20-уми декабри соли 2020 сурат гирифта, ба ғолибони даври ҷамъбастии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ҷоизаву туҳфаҳои сомзондодашуда тақдим карда мешавад.

Маркази матбуоти 
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон