Даъватнома барои иштирок дар тендери чоп

29-11-2018

Бо мақсади дастгирии соҳибкорон, рушди ширкатҳои полиграфӣ ва дар дохили ҷумҳурӣ бо стандартҳои баланд чоп кардани китобҳо мазкур  шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродиро барои ширкат дар озмун  бо тариқи иштироки номаҳдуд бо ҳуқуқи бастани қарордод оид ба чопи китобҳои  мазкур

Номгӯи китоб

Лот

1.

Китоби дарсии «Математика» барои синфи 4

лоти 1

2.

Китоби  дарсии «Ботаника» барои синфи 5

лоти 2

3.

Китоби дарсии «Ӯзбек Тили» барои синфи 9

лоти 3

4.

Китоби дарсии «Адабиёт» (ӯзбекӣ) барои синфи 11

лоти 4

даъват менамояд.
Тавсифи муфассали китобҳои мазкур ва шартҳои қарордод, ҳамчунин расмиёти озмун дар ҳуҷҷатҳои тендерӣ зикр гардидааст, ки он ба ҳар кадом хоҳишманд аз ҳуҷраи-102 шуъбаи маркетинг, амвол ва хариди давлатии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби зерин пешниҳод карда мешавад: 
Баъд аз пардохти маблағи бебозгашти арзиши ҳуҷҷатҳои тендерӣ ба хазинаи Вазорати маориф ва илми (арзиши як лот 50 сомонӣ). 
Муҳлати охирини қабули дархостҳо ва кушодашаваии лифофаҳо рӯзи 08 декабри  соли 2018,  соати 0900 дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо суроғаи шаҳри Душанбе кӯчаи Нисормуҳаммад 13а  муайян карда шудааст. 
Телефонҳо барои маълумот: 227-45-02;