Дасисакорони наҳзатиро маҳкум мекунем!

27-09-2018
Яке аз мушкилиҳое, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро фаро гирифтааст, ривоҷ пайдо кардани падидаҳои терроризму  экстремизм мебошад, ки барои амнияти мардум ниҳоят хатарзо мебошад.
Мутаассифона, ба ин ҳаракату гурӯҳҳои тундгаро бештар ҷавонони ҳанӯз мавқеъи сиёсиву иҷтимоӣ пайдо накарда ва раҳгумзадагони нохудогоҳ гароиш доранд. Имрӯз бисёре аз ҷавонон ва шаҳрвандон аз ҳадафҳои асосии гурӯҳҳои ифротгаро бехабаранд. Ба қадри арзишҳои муқаддасе, чун истиқлолияту давлатдории миллӣ намерасанд. Дарк намекунанд, ки  ҳифзи марзу буми Ватан, оромиву осудагии мардум ва ифтихор аз давлату миллати хеш барои ҳар инсони бонанг шарафу номуси ватандорӣ мебошад.  Сабабҳои пайдоиш ва паҳн гардидани падидаҳои номатлуби номбурда дар он аст, ки ҷавонон аз маърифати ҳуқуқӣ бебаҳра буда, ҳатто пас аз таҳсил дар мактабҳои олӣ аз донишҳову арзишҳои худшиносии миллӣ, масъулияти ватандорӣ ва монанди он бенасиб мемонанд ва дар натиҷа ба гурӯҳҳои ифротгаро шомил мегарданд. Дар чунин вазъият ҳар як фарди соҳибмаърифат ва бахусус, омӯзгорону падару модаронро зарур аст, ки дар сари вақт пеши роҳи ифротгароёнро гирифта, нагузоранд, то ҷавонон ба доми пуртазвири эшон гирифтор шаванд. 
Аксар огоҳанд, ки ибтидои моҳи сентябри соли равон як гурӯҳи ифротгаро ва ватанфурӯш бо сарварии роҳбари ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯъ – Ташкилоти террористӣ - экстремистии Ҳизби наҳзати Ислом Муҳиддин Кабирӣ дар шаҳри Варшава гирд омада, ҳаракатеро бо номи Паймони миллии Тоҷикистон созмон доданд. Ташкил кардани чунин як паймон дар хориҷи кишвар худ маънии ватанфурӯширо дорад. Онҳо чӣ кор карданианд? Албатта, мақсад доранд, ки осудагиву оромии ҷомеаро халалдор намоянд. Ин беҳунарони нотавонбин чашми дидан надоранд, ки ҳар рӯз дар Тоҷикистон боғҳо бунёд мешавад, роҳҳову пулҳо, коргоҳҳои саноатӣ ва иншооти маишӣ бунёд мегардад. Даҳҳо муассисаи таҳсилоти олӣ ва миёна дарҳои худро барои насли наврас мекушоянд.
Ман, ҳамчун духтари акнун по ба арсаи омӯзишу илмандӯзӣ ниҳода, ҳамсолони худро ҳушдор медиҳам, ки фирефтаи гуфтаҳои ин асолатбохтагони миллат нагашта, агар камтарин робитае бо онҳо дошта бошанд,  онро бигсиланд. Ба ҷорчиёни онҳо бо мушти оҳанин ҷавоб диҳанд. 
Тоҷикистони азизу муқаддасамон барои мо аз ҳама арзишҳо болотар аст.
Мартаба МИРМАДОВА,
 мутахассиси шуъбаи магистратураи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ