Дар меҳвари омӯзиш

15-01-2019
15-уми январи соли 2019 дар толори Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф бо иштироки Нуриддин Саид – вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раҳматулло Мирбобоев – муовини якуми вазири маориф ва илм, Файзуллозода Маҳмадсаид – намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони дастгоҳи марказӣ ва зерсохторҳои Вазорати маориф ва илм дар партави Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид.
Нуриддин Саид-вазири маориф ва илм дар ифтитоҳи ҳамоиш иброз дошт, ки Паёми Пешвои муаззами миллат ба Маҷлиси Олии кишвар дар партави се ҳодисаи бузурги таърихӣ барои миллати тоҷик дар соли сипаригардида садо дод. Ҳодисаи аввал аз тарафи СММ қабул гардидани Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” барои солҳои 2018 – 2028 мебошад, ки мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар олам вобаста ба ҳалли ҳодисаҳои муҳитизисти ҷаҳон даҳҳо зина боло бурд. Ҳодисаи дигар барқарор гардидани муносибатҳои дӯстона байни Тоҷикистону Ӯзбекистон мебошад. Ниҳоят, ҳодисаи севуми таърихии соли 2018 барои мо-тоҷикон ба кор даровардани чархаи аввали НБО-и Роғун мебошад. Тавассути НБО-и Роғун ормонҳои ҳазорсолаи миллати тоҷик амалӣ хоҳад гашт ва он на танҳо манфиати фароминтақавӣ, балки манфиати ҷаҳонӣ дорад. Файзуллозода Маҳмадсаид аз паҳлуҳои гуногуни Паёми навбатии Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии кишвар ёдовар шуда, бандҳои асосии онро мавриди омӯзиш қарор дод. 
Дар охир раёсату сохторҳои Вазорати маориф ва илм вазифадор карда шуданд, ки барои дар амал татбиқ намудани супоришҳои дар Паём ироагардида дар соҳаи маориф ва илм саҳми бевоситаи худро гузошта, барои ҳалли мушкилоти вуҷуддошта талош намоянд.
Аҳмадшоҳи МАСЪУД, 
мутахассиси Маркази матбуоти  Вазорати маориф ва илм