Даъватнома барои иштирок дар тендери чопи китобҳои дарсӣ

29-03-2018
Бо мақсади дастгирии соҳибкорон, рушди ширкатҳои полиграфӣ ва дар дохили ҷумҳурӣ бо стандартҳои баланд чоп кардани китобҳои дарсӣ шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродиро барои ширкат дар озмун  бо тариқи иштироки номаҳдуд бо ҳуқуқи бастани қарордод оид ба чопи китобҳои  мазкур
№ Номгӯи китоб Лот 
1. Суруд ва мусиқӣ барои синфи 1 лоти 1
2. Суруд ва мусиқӣ барои синфи 4 лоти 2
даъват менамояд.
Тавсифи муфассали китобҳои  мазкур ва шартҳои қарордод, ҳамчунин расмиёти озмун дар ҳуҷҷатҳои тендерӣ зикр гардидааст, ки он ба ҳар кадом хоҳишманд аз ҳуҷраи-102 шуъбаи маркетинг, амвол ва хариди давлатии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби зерин пешниҳод карда мешавад: 
Баъд аз пардохти маблағи бебозгашти арзиши ҳуҷҷатҳои тендерӣ ба хазинаи Вазорати маориф ва илми (арзиши ҳуҷҷат 100 сомонӣ барои як лот). 
Муҳлати охирини қабули дархостҳо ва кушодашаваии лифофаҳо:  соати 1400  рӯзи 19 апрели  соли 2018 дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо суроғаи шаҳри Душанбе кӯчаи Нисормуҳаммад 13а  муайян карда шудааст. 
Телефонҳо барои маълумот: 227-45-02;  
Ба диқати довталабон расонида мешавад, ки маблағи китобҳои мазкур пас аз чоп ва санади қабул пардохт карда мешавад.