ЧОРАБИНИИ ИДОНА БАХШИДА БА РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ

24-11-2020
   24-уми ноябри соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи  Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии идона бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. 
   Дар чорабинии мазкур Латофат Назирӣ-муовини вазири маориф ва илм,   сардорони раёсату шуъба, роҳбарони муассисаҳои тобеи вазорат ва намояндаи Ваколатдор оид ба  ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  иштирок карданд.
   Нахуст Латофат Назирӣ-муовини вазири маориф ва илм ҳозиринро ба Рӯзи Парчами давлатӣ табрику таҳният гуфта, ҳамзамон, қайд намуд, ки Парчам рамзи озодии миллат, ифтихори миллӣ ва ҳисси баланди меҳандӯстиву хештаншиносӣ ба шумор меравад.
   Сипас, С.Абдуҳафиззода-намояндаи  Ваколатдор оид ба  ҳуқуқи инсон дар бораи  пайдоиши Парчам ва давра ба давра тағйир ёфтани он, маъно ва муҳтавои рангҳо, тоҷу ситораҳои дар Парчам тасвиршуда ва дигар паҳлуҳои ин мавзӯъ суханронӣ намуда, аз ҷумла қайд кард,  ки Парчами миллӣ имрӯз чун рамзи давлатдории тоҷикон эътироф гардидааст. Ба ҷой овардани эҳтиром нисбат ба Парчами миллӣ қарзи ҳар як шаҳрванд аст, зеро он рамзи хосаи истиқлол, ватандорӣ, соҳибдавлатӣ ва нишони ҳастии миллат аст.
   Ҳамзамон, қайд гардид, ки Парчам танҳо як матои рангаи оддӣ набуда, он рамзи ифодакунандаи муттаҳидиву якдилӣ ва  сарҷамъиву озодии мардуми кишвар аст.
   Дар фарҷоми чорабинӣ Латофат Назирӣ-муовини вазири маориф ва илм таъкид намуд, ки эҳтироми маорифчиён ба рамзҳои давлатӣ, хусусан, Парчами давлатӣ дар он зоҳир мегардад, ки баҳри рушди бемайлони соҳаи маориф ва илм, аз ҷумла беҳтар гаштани сифати таҳсилот дар кишвар ва таълиму тарбияи дурусту мукаммали насли наврасу ҷавон тамоми саъйю талоши худро ба харҷ диҳанд.
Азиза Бодурова