Биёбӣ зи ҳар донише ромише

05-09-2018
Андешаҳо перомуни суханронии Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои  миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола, дар арафаи оғози соли нави таҳсил ва ифтитоҳи бинои нави ин ё он муассисаи таълимӣ дар суханрониҳои пурмуҳтавои худ масъалаи омӯзиш ва аз худ кардани илмҳои дархӯр ба замони муосирро дар меҳвари андешаҳои худ қарор дода, дар ҷодаи вобаста ба талаботи давру айём тарбия ва ба камол расондани насли наврас, ки ояндаи кишвар ба ин неруи созанда иртиботи амиқ дорад, таъкидҳои пайдарпай менамоянд. Воқеан, рушду пешрафти ҳар як давлату ҷомеа аз мутахассисони донишманду ҳирфаӣ, ки дорои ҷаҳонбинӣ ва тафаккури интеллектуалӣ мебошанд, вобаста аст. Дар баромади худ дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино Пешвои миллат бештар таваҷҷуҳи ҳозиринро ба он ҷалб намудаанд, ки донишҳои замони муосирро аз худ кардани донишҷӯён бояд ҳадафи олии худро дошта бошад.
Мазмун, хондану илм омӯхтан танҳо ба хотири донишгоҳу донишкадаеро хатм кардану соҳиби диплом гардидан не, балки баҳри дар ҷомеа бо мақсади беҳтар намудани дараҷаи некуаҳволии мардум, саҳм гузоштан дар пешрафти мамлакат, бо истифода аз неруи зеҳнӣ ва лаёқату кордонии насли ҷавон ба шумор меравад. Ба таъкиди Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, илми омӯхташуда бояд дар амал татбиқ гардидаву ба аҳли ҷомеа пешниҳод ва баҳри ободии кишвар истифода карда шавад. Барои ба дараҷаи мутахассиси ҳирфаӣ ва донишманди соҳибтафаккур ба камол расидани насли ҷавон марҳалаҳои зиёди мураккабу мушкили омӯзиширо паси сар кардан лозим меояд. Аз қавли Соиби Табрезӣ, «ба мақсад мерасад ҷӯёи ком оҳиста-оҳиста». Чунонки дар суханронии Сарвари давлат ишора гардид, илму дониши омӯхтаи донишҷӯ бояд ба мардум манфиат расонад, на зиёну зарар. Омӯзиши  донишҷӯ (дар маҷмӯъ, насли наврас) бояд дақиқ, саҳеҳ ва дилпурона бошад. Дар ростои аз бар кардани донишҳои замонавӣ ӯ набояд ба иштибоҳ ва гумроҳӣ роҳ диҳад. Диққати асосию аввалиндараҷаи устодон дар муассисаҳои таълимӣ, ба хусус, донишгоҳу донишкадаҳо маҳз ба ҳамин самт нигаронида шуда, зарур аст, ки дар тарбияи мутахассисони оянда, ки ҳаёти аҳли ҷомеа аз онҳо вобастагии зич дорад, ба саҳлангорӣ роҳ дода нашавад. Дар ҳама анвои илм ва ихтисоси омӯзишии мавҷуда, насли ҷавон бо шавқу майл ва лаёқате, ки дорад, бояд дар иртибот маҳз бо он илм ва соҳае, ки мақбулу писанди ӯст, фаро гирифтаву ҷалб карда шавад. Ин тавр намешавад, ки ҷавонон аз рӯии ҳавову ҳавас, кӯр-кӯрона ва ба хотири ҳадафҳои дар оянда манфиатхоҳона, ки ҷуз орзуву саробе беш нестанд, он илму ихтисос ва соҳаеро интихоб намоянд, ки ба он меҳру дилгармие надошта, ба таври иҷборӣ умри худро беҳуда дар ин ҷода сарф кунанд. Албатта, ин андешаи мо маънии онро надорад, ки насли ҷавон аз омӯзиши фарогири илмҳои гуногун худро канор бигирад. Не, ҳаргиз ин тавр набуду нест. Имрӯз омӯхтану аз бар кардани забонҳои хориҷӣ, кор бо дастгоҳу технологияи замони муосир, компютер, тахтаи электронӣ, видеопроектор, дастрасӣ ба интернет ва хусусан, мутолиаи асарҳои бадеӣ баҳри такомулу таҳаввули зеҳнии ҷавонон, рушду инкишофи тафаккур, хулосабарорию натиҷагирӣ кардани онҳо дар ин ё он масъала, ба як шахсияти даврони нав-шахсияти тамаддунсоз табдил гардидани вай мусоидати ҳаматарафа хоҳад расонд. Вале дар интихоби ихтисосу соҳа набояд ба шитобкорӣ ва ҳавою  ҳавасҳои бебунёд роҳ дод. Тасаввур кунед, ки ба сабаби нофаҳмию шитобкорӣ нафаре Донишгоҳи омӯзгориро хатм карда, ба мактаб ба кор меояд. Корро оғоз мекунаду аз одитарин донишҳо бенасиб аст, аз забони модарӣ қоидаву қавонини сарфу наҳвро намедонаду аз математика ҳалли мисолу масъалаҳои муқаррариро. (Таври мисол, дар синфҳои ибтидоӣ). Ё худ, донишгоҳро бо ихтисоси география ба итмом мерасонаду дар ёфтани мамлакату кишварҳо аз харитаи сиёсӣ мушкилӣ мекашад ва ғайра ва ҳоказо. Мухотаби Пешвои миллат ҳамин гуна мутаҳассисоне маҳсуб меёфтанд, ки аз паси мизи донишҷӯӣ дар ҷомеа ба фаъолият оғоз кардаанду аз нофаҳмӣ, камсаводӣ, балад набудан ба нозукию ҷузъиёти ихтисоси омӯхтаи худ ба бемор ташхиси нодуруст мегузоранд ё аз сабку усулҳои муолиҷа иттилоъ надоранд. Аз ин рӯ, имрӯз рисолати ҷонии устодону омӯзгорон аст, ки дар тарбияи касбинтихобкунии шогирдон саъю кӯшиш намоянд ва ҳангоми хатми мактабу дохилшавии онҳо ба макотиби олӣ тариқи низоми тестии имтиҳонсупорӣ аз меъёрҳову талаботе кор бигиранд, ки ба беҳбуд ёфтани зиндагии аҳли ҷомеа ва рушду инкишофи кишвар мусоидат кунад. Зеро иштибоҳ дар интихоби касбу пеша боиси хавфу хатарҳо ба ҳаёти ҷомеа ва одамон мегардад, ки он нобахшиданист.
 Шодӣ Раҷабзод,
«Омӯзгор»