БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ – ТУҲФАИ АРЗАНДА БА ҶАШНИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

08-10-2021
Дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд ва таҷлили бошукӯҳи ҷашни фархундаи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои нави таълимии Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ дар шаҳри Хуҷанд мавриди истифодабарӣ қарор дода шуд. 
Дар ифтитоҳи бинои мазкур вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода, муовини раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ, муовини раиси раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот Хуршед Раҳмонализода, ректорони муассисаҳои олии кишвар, кормандони васоити ахбори умум иштирок намуданд. Бо буридани лентаи рамзӣ меҳмонон вориди ошхонаи муассиса гардида, дар гирди дастархони идона бо донишҷӯёни ятим, маъюб ва камбизоат суҳбати самимӣ оростанд.
Вазири  маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода ва дигар иштирокдорон ба 17 нафар ятиму маъюб туҳфаҳои хотиравию арзишманди Пешвои миллатро тақдим намуда, зикр намуданд, ки ин табақаи ниёзманди ҷомеа ҳамеша зери ғамхорию пуштибонии Ҳукумати кишвар ва Пешвои муаззами миллат қарор доранд.  
Сипас меҳмонон аз синфхонаи тиҷорати электронӣ, озмоишгоҳи молшиносӣ ва муоинаи молҳои истеъмолӣ, парки технологӣ, толори фитнесс дидан карда, бо устодону донишҷӯён мулоқот намуданд. 
Дар ошёнаи дуввуми бинои муассисаи нави таълимӣ дар толори конференсия суҳбати онлайнии вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода ва ҳамроҳонаш бо донишҷӯёни донишкада, ки айни замон дар Донишгоҳи Варнаи Булғория таҳсил менамоянд, баргузор гардид. Донишҷӯён зимни суҳбат арзи сипоси худро ба Пешвои муаззами миллат барои муҳайё намудани шароити хуби таҳсил дар хориҷи мамлакат баён доштанд. Дар идома меҳмонон аз озмоишгоҳҳои криминалистика ва синфхонаи компютерӣ боздид карда, ба раванди таълим ва тарзи гузаронидани машғулиятҳо аз тарафи устодони донишкада ошно гаштанд. 
Сипас дар маҷлисгоҳи бинои нави таълимӣ мулоқоти меҳмонон бо устодони донишкада баргузор гардид. Вазири маориф аҳли нишастро ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, ба истифода дода шудани бинои нави таълимиро туҳфаи арзандаи ҷомеаи меҳнатӣ ба ин санаи фархундаи миллӣ арзёбӣ кард. Муовини раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ ва муовини раиси Иттифоқи Тоҷикматлубот Хуршед Раҳмонализода низ ба ҷашни фархундаи миллӣ устодонро табрик гуфта, аз сатҳу сифати корҳои сохтмонӣ дар бинои нави таълимӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд. 
Директори донишкада Ҳомид Ҳошимзода ташрифи меҳмонони иззатмандро хайрамақдам гуфта, зикр намуд, ки ҷавобан ба ғамхориҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия ва омода намудани мутахассисони варзидаи соҳаи иқтисод ва савдо ҷаҳду талоши созанда менамоянд. 
Дар идома иттилоъ дода шуд, ки Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд» тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 феврали соли 2010, №59 таъсис дода шуда, фаъолияти худро бо мақсади иҷрои амалии нуктаҳои асосии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба тайёр кардани мутахассисони баландихтисоси дар бозори ҷаҳонии меҳнат рақобатпазир ба роҳ мондааст.
Бинои мазкур тибқи нақша, дар масоҳати 3561 метри мураббаъ доман густурда, аз 4 ошёна ва 35 синфхонаи таълимӣ, аз ҷумла, утоқҳои лингофонӣ ва компютерӣ, утоқҳои кориву ёрирасон, маҷлисгоҳ, толори конференсия, китобхонаи электронӣ ва анъанавӣ, озмоишгоҳҳои молшиносӣ ва ташхиси сифати молҳои истеъмолӣ ва криминалистика, Парки технологӣ, ошхона, толори фитнесс мебошад ва барои 850 нафар донишҷӯ пешбинӣ гардидааст. Ҳудуди бино, роҳравҳо ва синфхонаҳо бо камераҳои мушоҳидавӣ, инчунин бо Wi-Fi муҷаҳҳаз гардонида шудаанд. Бинои таълимӣ дорои буғхона буда, дар фасли зимистон имконияти бо ангишт гарм нигоҳ доштани тамоми ҳуҷраҳоро дорад. Гирду атрофи бино бо дарахтони сояафкану ороишӣ ва гулҳои рангоранг зебо гардонида шудааст. Ҳамчунин саҳн ва роҳравҳои бинои таълимӣ сафолакпӯш гардида, чароғакҳои равшанидиҳанда ва нишастгоҳҳо насб шудааст. Бинои мазкур бо тарҳи замонавӣ таъмиру таҷдид гардида, дар он асосан масолеҳи сохтмонии баландсифати истеҳсоли ватанӣ истифода бурда шудааст.
Нуъмон Раҷабзода