Баррасии масоили муҳим дар Шӯрои ректорон

14-10-2019
12 октябри соли равон дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҷаласаи навбатии Шӯрои ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Қабл аз оғози ҷаласа намоиши дастовардҳои донишгоҳи мазкур ба вуқӯъ пайваст. Зимни боздид муовини вазири маорифи ва илм Сайфиддин Давлатзода ба дастоварду комёбиҳои устодону донишҷӯёни донишгоҳ баҳои баланд дод. 
Баъдан, ҷаласа ба кори худ оғоз намуд. Дар оғоз раиси Шӯрои ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, академик Муҳаммадюсуф Имомзода иброз дошт, ки фаъолияти Шӯро тадриҷан тақвият ёфта, дар бартараф намудани проблемаву мушкилоти мактабҳои олии кишвар бо кӯшиши якҷояи аъзои он саҳми босазо мегузорад. Дар ҷаласа шаш масъала мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд. 
Ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Ҳамидуллохон Фақеров оид ба «Вазъи фаъолияти парки технологии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва натиҷаи татбиқи таҳқиқоти илмӣ тавассути он дар истеҳсолот» суханронӣ намуд. Мавсуф зикр намуд, ки дар ин самт донишгоҳ ба дастоварду комёбиҳои назаррас ноил гардидааст. Вале боз мушкилоти зиёде вуҷуд дорад, ки ба рушди паркҳои технологӣ монеа эҷод мекунад. Мавсуф баҳри бартараф намудани мушкилоти ҷойдошта пешниҳодҳои судманд ироа намуд. 
Ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Абдулло Ҳабибулло дар мавзӯи «Чораҳои пешгирии ҳолатҳои даст назадани омӯзгорон ва кормандони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ба амалҳои коррупсионӣ (иҷрои талаботи “Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” дар донишгоҳ)” суханронӣ намуда, қайд кард, ки коррупсия яке аз падидаҳои мушкили замони муосир ба ҳисоб рафта, он садди роҳи рушду инкишофи кишварҳо мегардад. Он ба ҳаёти иқтисодӣ, сиёсӣ ва равандҳои ҳуқуқии ҷомеа таъсири манфӣ расонида, болоравии иқтисодиёт ва некуаҳволии иҷтимоиро бозмедорад, итминони шаҳрвандонро ба давлат коста мегардонад, умедҳои ҷавононро ба оянда коҳиш медиҳад, табақаҳои ниёзманди аҳолиро аз расидан ба рӯзи нек маҳрум мекунад. Ҷиҳати пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ дар донишгоҳи мазкур корҳои назаррас ба аҷом расонида шудааст
Сардори раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маориф ва илм Носир Сайдализода вобаста ба мушкилоти тайёр намудани кадрҳои илмӣ, ректори Донишгоҳи давлатии Данғара Нуралӣ Шоҳиён вобаста ба фаъолияти китобхонаи донишгоҳ, директори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Дилафрӯз Саидӣ перомуни омода намудани экспертҳои байналмилалӣ суханронӣ карданд. 
Дар охир муовини вазири маориф ва илм Сайфиддин Давлатзода ба иштирокдорон-ректорони мактабҳои олии кишвар дастуру супоришҳои мушаххас дода, ҳамзамон муваззаф намуд, ки ҳарчи зудтар ихтисосҳои муайянро аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаронида, баҳри баланд бардоштани сифати таълим ҳамвора талош намоянд.