Ба таваҷҷуҳи намояндагони ВАО!

18-07-2019
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳамкориҳои судманди Шумо ҷиҳати дастгирӣ ва тарғиби соҳаи маориф изҳори сипос ва миннатдорӣ намуда, ҳамзамон, иттилоъ медиҳад, ки санаи 19.07.2019, соати 11:00 тибқи Нақшаи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ оид ба ҷамъбасти нимсолаи якуми соли 2019 мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2015, №АП-1729 дар толори Маркази матбуотии АМИТ «Ховар» нишасти матбуотии Вазорати маориф ва илм баргузор мегардад.