БА ИСТИФОДА ДОДАНИ 2 МУАССИСАИ ТАЪЛИМӢ ДАР НОҲИЯИ ТОҶИКОБОД

07-10-2021
6-уми октябри соли ҷорӣ бо иштироки намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Датгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод бинои муассисаи таълимии №18-и деҳаи Мазори Боло ба истифода дода шуд.
Зимни ифтитоҳи муассисаи мазкур, зикр гардид, ки сохтмони иншооти мазкур аз ҷониби Муассисаи давлатии «Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ»-и Датгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта шуда, он барои 240 ҷойи нишаст пешбинӣ гардида, аз 10 синфхонаи таълимӣ, синфи компютерӣ, ҳуҷраи кории директор ва ҳуҷараи муаллимон иборат мебошад. Инчунин, корҳои сохтмонӣ дар иншоот аз ҷониби КВД «Таъмиру сохтмонӣ»-и Дастгоҳи иҷроия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳалатҳои муқарраргардида бо сифати баланд сохта ба анҷом расонида шуд.
Ҳамзамон, дар ин рӯз бинои муассисаи таълимии №21-и деҳаи Сумандараи ноҳияи Тоҷикобод низ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Сохтмони иншооти мазкур аз ҷониби Муассисаи давлатии «Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта шуда, иншооти мазкур барои 144 ҷойи нишаст пешбинӣ гардида, аз 8 синфхонаи таълимӣ, синфи компютерӣ, ҳуҷраи кории директор ва ҳуҷараи муаллимон иборат мебошад. Инчунин, корҳои сохтмонӣ дар иншоот аз ҷониби ҶДММ «Саховат-2005» дар муҳалатҳои муқарраргардида ва бо сифати баланд ба анҷом расонида шудааст.
Маврид ба зикр аст, ки бинои куҳнаи муассисаҳои таълимии мазкур дар натиҷаи заминларзаи рӯзи 10 июли соли 2021 пурра ба ҳолати садамавӣ дучор гардида, дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муҳлати кутоҳтарин сохта ба истифода дода шуд.