Қаҳрамонии бемисл

08-05-2018
Дар арафаи Рӯзи Ғалаба дар толори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандони дастгоҳи марказӣ ва зерсохторҳои он ҷамъомади тантанавӣ доир гардид. Муовини якуми вазири маориф ваилм Раҳматулло Мирбобоев ба муносибати 73-солагии Ғалаба бар Германияи фашистӣ- душмани инсоният дар асри 21 кормандон ва аҳли маорифи кишварро табрик гуфт. Аҳли толор бо дақиқае хомӯшӣ хотири шаҳидонро шод намуданд. Сармутахассиси раёсати таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи касбӣ Ҷалолиддин Амиров оид ба қаҳрамонии мардони ватан, аз ҷумла фиристодагони Тоҷикистон баромад кард.
Ҷамъомад хотирнишин гузашт.

 
Маркази матбуоти Вазорати маориф 
 ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон