Ҳамкорӣ бо шарикони рушд

10-10-2019
9–уми октябри соли ҷорӣ дар меҳмонхонаи “Ҳилтон” ҷаласаи панҷуми Кумитаи ҳамоҳангсозии Лоти 1 ва Лоти 2-и “Барномаи дастгирии таҳсилоти босифат”, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мешавад, баргузор гардид. Дар кори ҷаласа Фатҳиддин Усмонзода-муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гулшанзода Раҷабалӣ – намояндаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Стефано Эллеро - мушовир, роҳбари шуъбаи рушди ҳамкориҳои Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон, Диана Димова -  менеҷери барномаҳо дар соҳаи маориф, Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон, Сергий Габршек - роҳбари гурӯҳ, БДТБ 1, Лоти 1, Галя Божанова - роҳбари гурӯҳ, БДТБ 1, Лоти 2, ГОПА, Евгени Иванов - менеҷери лоиҳа, муовини сардори раёсати татбиқ, Артур Байхан - мушовири калон ва кормандони вазоратҳои маориф ва илм, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва намояндагони шарикони рушд иштирок намуданд.
Нахуст муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ф.Усмонзода ҳадаф аз баргузории ҳамоишро шарҳ дода, ҳамзамон, ҳамкориҳои Вазорати маориф ва илмро бо шарикони рушд, хусусан, Иттиҳоди Аврупо мусбат арзёбӣ намуд. Сипас, дар рафти ҷаласа доир ба корҳои анҷомдодашуда дар самти татбиқи лотҳо-“Дастгирии техникӣ ба Вазорати маориф ва илм дар самтҳои такмили ихтисоси омӯзгорон, арзёбии таълим ва банақшагирӣ, таҳияи буҷет, мониторинг ва таҳия куррикулум дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” (Лоти 1) ва –“Кӯмаки техникӣ ба вазорати меҳнат, мухоҷират ва шуғли аҳолӣ дар самти такмили ихтисоси омӯзгорони соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва таълим” (Лоти 2) ҳисобот дода шуд. 
Зимни пешниҳоди ҳисобот аз ҷониби масъулин ва иштирокдорон пешравиҳои ҳар ду лоти лоиҳа дар давраи панҷуми ҳисоботӣ, гузориши лотҳо оид ба натиҷаҳо, монеаҳо ва мушкилиҳо ҳангоми татбиқ, муаррифии мусаввадаи нақшаи корӣ барои ҳисоботи шашмоҳаи оянда мавриди баррасӣ қарор дода шуд. 
М.УБАЙДУЛЛОЕВА