Ҷамъбасти Олимпиадаи номии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва Олимпиадаи даставӣ байни хонандагони мактабҳои Президентӣ ва литсейҳо барои хонандагони болаёқат дар соли 2018

07-05-2018
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти дарёфту рушди истеъдодҳо ва таҳкими ҳаракати олимпӣ мунтазам тадбирҳои судманд андешида, барои ташаккули тафаккури мантиқии хонандагон заминаи мусоид фароҳам меорад. Дар ин самт шаклҳои гуногуни Олимпиада, аз ҷумла Олимпиадаи фаннии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, олимпиадаи даставии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, Олимпиадаи номии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, Олимпиадаи даставӣ байни хонандагони мактабҳои Президентӣ ва литсейҳо барои хонандагони болаёқат, Олимпиадаи лоиҳавӣ-ихтироъкорон дар асоси Низомномаҳо ба роҳ монда шудааст. Имсол бо дастгирии бевоситаи вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомномаи олимпиадаҳои мазкур бо таҳрири нав қабул гардида, дастраси раёсату шуъбаҳои маорифи вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо гардонида шуд.
Тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Олимпиадаҳои ҷумҳуриявии фаннии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ шуруъ аз соли таҳсили 2014-2015 тавассути Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.
Рӯзҳои 5-6 майи соли 2018 даври ҷумҳуриявии Олимпиадаи номии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва Олимпиадаи даставӣ байни хонандагони мактабҳои Президентӣ ва литсейҳо барои хонандагони болаёқат аз фанҳои табиӣ-риёзӣ дар Муассисаи таълимии давлатии «Мактаби байналмилалии Президентӣ» дар шаҳри Душанбе баргузор   гардид. Дар олимпиадаҳои мазкур хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок намуданд. Зимни баргузории олимпиада барои иштирокчиён шаффофият ва дастёбии баробар таъмин карда  шуд. 
Тибқи талаботи Низомномаи олимпиадаҳо супоришҳо дар шакли тестӣ ва кори хаттӣ ба роҳ монда шуданд. 
Дар даври ҷумҳуриявии Олимпиадаи номии хонандагони муассисаҳои  таҳсилоти умумӣ 236 нафар хонанда иштирок намуд. Аз ин шумора 48 нафар хонанда соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ (11 медали тилло, 14 медали нуқра, 23 медали биринҷӣ) гардиданд. Дар олимпиадаи мазкур хонандагони шаҳри Душанбе сазовори 18 ҷойи ифтихорӣ (6 медали тилло, 6 медали нуқра, 6 медали биринҷӣ), хонандагони вилояти Суғд сазовори 15 ҷойи ифтихорӣ (4 медали тилло, 3 медали нуқра, 8 медали биринҷӣ), хонандагони вилояти Хатлон сазовори 10 ҷойи ифтихорӣ (3 медали нуқра, 7 медали биринҷӣ), хонандагони шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ сазовори 4 ҷойи ифтихорӣ (1 медали тилло, 1 медали нуқа, 2 медали биринҷӣ), ва хонандагони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сазовори 1 ҷойи ифтихорӣ (1 медали нуқра) гардиданд.
        
Натиҷаи даври ҷумҳуриявии Олимпиадаи номии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар соли 2018
  Минтақа сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд

  Минтаќа

сазовори љойњои ифтихорї гардиданд

I

тилло

II

нуќра

III

биринљї

Љамъ

Душанбе

6

6

6

18

Суѓд

4

3

8

15

Хатлон

 

3

7

10

НТЉ

1

1

2

4

ВМКБ

 

1

 

1

Дар умум

11

14

23

48

 









 
 
 
 
 
 
 
 

 
Инчунин, дар даври ҷумҳуриявии Олимпиадаи  даставӣ байни хонандагони мактабҳои Президентӣ ва литсейҳо барои хонандагони болаёқат аз фанҳои табиӣ-риёзӣ 233 нафар хонанда иштирок карданд, ки 43 нафар онҳо соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ (13 медали тилло, 12 медали нуқра, 18 медали биринҷӣ) гардиданд.
Ҷамъбасти даври ҷумҳуриявии Олимпиадаи даставӣ байни хонандагони мактабҳои Президентӣ ва литсейҳо барои хонандагони болаёқат нишон дод, ки дастаи хонандагони Муассисаи давлатии таълимии «Литсей барои хонандагони болаёқат» дар шаҳри Душанбе  бо гирифтани 17 ҷойи ифтихорӣ  (5 медали тилло,  5 медали нуқра, 7 медали биринҷӣ) сазовори  ҷоизаи дараҷаи якум, Муассисаи таълимии давлатии «Мактаби Президентӣ барои кӯдакони болаёқат дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон» бо гирифтани 6 ҷойи ифтихорӣ (3 медали тилло, 1 медали нуқра, 2  медали биринҷӣ) сазовори ҷоизаи дараҷаи дуюм, Муассисаи давлатии таълимии «Литсей- интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо гирифтани 4 ҷойи ифтихорӣ (1 медали тилло, 3 медали биринҷӣ) бо ҷоизаи дараҷаи сеюм сарфароз гардонида шуданд. 
Ҳамзамон, хонандагони Муассисаи давлатии таълимии «Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Бӯстон» сазовори 3 ҷойи ифтихорӣ (1 медали тилло, 2 медали биринҷӣ), Муассисаи давлатии таълимии «Литсей барои хонандагони болаёқати равияи иқтисодӣ» дар шаҳри Душанбе сазовори 3 ҷойи ифтихорӣ (1 медали нуқра, 2 медали биринҷӣ), Муассисаи таълимии давлатии «Мактаби Президентӣ барои кӯдакони болаёқат дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон» сазовори 2 ҷойи ифтихорӣ (1 медали тилло, 1 медали нуқра), Муассисаи давлатии таълимии «Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Кӯлоб» сазовори 2 ҷойи ифтихорӣ (1 медали тилло, 1 медали нуқра), Муассисаи давлатии таълимии «Мактаби Президенти барои хонандагони болаёқат» дар шаҳри Ҳисор сазовори 2 ҷойи ифтихорӣ (2 медали биринҷӣ), Муассисаи давлатии таълимии «Гимназияи ҷумҳуриявӣ дар ноҳияии Данғараи вилояти Хатлон» сазовори 2 ҷойи ифтихорӣ (2 медали биринҷӣ) Муассисаи давлатии таълимии «Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар ноҳияи Кушониёни вилояти Хатлон» сазовори 1 ҷойи ифтихорӣ (1 медали тилло), Муассисаи давлатии таълимии «Литсей барои хонандагони болаёқат» дар шаҳри Турсунзода сазовори 1 ҷойи ифтихорӣ (1 медали нуқра) гардиданд.
Ғолибони олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ бо ҷом, медалҳои рамзӣ, Ифтихорнома, туҳфаҳои хотиравии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон -китоби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикон дар оинаи таърих» сарфароз гардонида шуданд.
Ҳамзамон бояд қайд намуд, ки барои иштироки фаъолона дар олимпиадаи мазкур 34 нафар хонанда бо Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.
Хонандагоне, ки сазовори ҷойҳои 1, 2 ва 3 гаштаанд, ҳангоми супоридани имтиҳонҳои Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таносубан ба 100, 75 ва 50 холи (бонус) иловагӣ сарфароз гардонида мешаванд.
Дар байни иштирокчиёни олимпиада 7 нафар сазовори аз 90 то 100 хол гардиданд, ки тибқи талаботи Низомномаи Олимпиадаҳо дар сурати мувофиқат намудани фан ба ихтисос соҳиби «Тавсиянома»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон гашта, тариқи суҳбат ба муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар қабул карда мешаванд. 
Натиҷаи ҷамъбасти олимпиадаҳои ҷумҳуриявии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ нишон дод, ки бо назардошти ҳамасола муҳайё гардидани шароити таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ иштироки хонандагон дар озмуну олимпиадаҳо зиёд гашта, сатҳи дониши хонандагон нисбат ба солҳои гузашта боло рафта истодааст. Дар баробари ин, ҷиҳати омода намудани хонандагон ба озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалию ҷаҳонӣ аз омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ омодагии ҳамаҷониба тақозо мегардад, то ҷавоби арзанда ба ғамхориҳои ҳамешагии давлату Ҳукумат дар самти рушди маориф бошад.