ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ДИРЕКТОРОНИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ КАСБӢ БАРГУЗОР ГАШТ

29-07-2019
27-уми июли соли ҷорӣ дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ҷаласаи Шӯрои директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ баргузор гашт.
Дар кори Шӯро С. Давлатзода-муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони вазоратҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, маориф ва илм ва директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Зимни сухани ифтитоҳии хеш С. Давлатзода доир ба нишондиҳандаҳои сифати таҳсилот дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, густариши ҳамкориҳои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ бо субъектҳои бозори меҳнат, рушди низоми инноватсияи миллӣ ва азхудкунии технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ андешаҳои худро иброз намуд.
Инчунин, дар идомаи Шӯро намояндаи Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ доир ба таҳияи барномаҳои ягонаи фаннии ихтисосҳои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ бе назардошти такроршавӣ, директори муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии ноҳияи Нуробод вобаста ба иҷрои фармони Ассосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи эълон гардидани солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» аз 2-юми январи соли 2019, №1170 ва саноаткунонии кишвар, намояндаи Маркази таҳия, нашр ва муомилоти  китобҳои дарсӣ, илмию методии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди таълифи китобҳои дарсии ихтисосҳои амалкунанда дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва ҷонишини директори Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе вобаста ба сифати таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ баромад намуданд.
Дар охир Ҳ. Вализода-сардори раёсати таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Вазорати маориф ва илм натиҷаи рейтинги муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки аз ҷониби Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф ҷамъбаст гардида буд, эълон намуд. Тибқи хулосаи комиссия ҷойи якум ба Коллеҷи техникии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ, ҷойи дуюм ба  Коллеҷи  тиббии ҷумҳуриявии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷойи сеюм ба Коллеҷи омӯзгорӣ ба номи Хосият Махсумоваи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дода шуд. 
Ғолибон бо ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравии Вазорати маориф ва илм сарфароз гардонида шуданд.
Саймуҳаммади ИЗЗАТУЛЛО