ҶАЛАСАИ ШӮРО ОИД БА ТЕХНОЛОГИЯИ ИТТИЛООТИЮ КОММУНИКАТСИОНИИ НАЗДИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ БАРГУЗОР ГАРДИД

08-07-2022
8-уми июли соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷӯразода ҷаласаи Шӯро оид ба технологияи иттилоотию коммуникатсионии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. 
Тибқи рӯзнома дар ҷаласа вобаста ба фаъолияти Шӯро оид ба технологияи иттилоотию коммуникатсионии назди Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, базаи моддию техникӣ ва омода намудани мутахассисони соҳаи технологияи иттилоотӣ гузориши ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон М. Шарифзода, вобаста ба фаъолияти Шӯро оид ба технологияи иттилоотию коммуникатсионии назди Коллеҷи омӯзгории шаҳри Бохтар, базаи моддию техникӣ ва омода намудани мутахассисони соҳаи технологияи иттилоотӣ гузориши Ш.Баҳодуров-директори Коллеҷи омӯзгории шаҳри Бохтар ва вобаста ба амалӣ намудани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.09.2017, №443 “Дар бораи Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022”, норасоии омӯзгорони фанни технологияи иттилоотӣ ва фаъолияти Шӯро оид ба технологияи иттилоотию коммуникатсионии назди мактаби Президентии шаҳри Бӯстон гузориши З.Соҳибназаров-муовини директори мактаби Президентии шаҳри Бӯстон шунида шуд.
Дар рафти ҷаласа муовини якуми вазири маориф ва илм Ҷ.Ҷӯразода дар такя ба дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таъминоти муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои омӯзгорӣ ва истифодаи технологияи муосир дар раванди таълим ба масъулин вобаста ба ҷоннок намудани фаъолияти шӯроҳо оид ба технологияи иттилоотию коммуникатсионии назди муассисаҳои таълимӣ, иҷрои саривақтии Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022, омода намудани мутахассисони варзида дар самти технологияи иттилоотӣ ва ба ин восита бартараф намудани норасоии кадрии фанни технологияи иттилоотӣ ва чанде дигар дастуру супоришҳои мушаххас дод. 
Дар охир, вобаста ба масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.