ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ШӮРОИ РЕКТОРОН ДОИР ГАРДИД

24-06-2019
22 июни соли ҷорӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон  Шӯрои ректорони  муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ баргузор гашт. Дар он Нуриддин Саид-вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Р. Мирбобоев-муовини якуми вазири маориф ва илм, А. Жумагулова-директори Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинги Ҷумҳурии Қазоқистон, С. Авғонов-роҳбари лоиҳаи «Рушди таҳсилоти олӣ» ва ректорону директорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ иштирок намуданд.
Зимни сухани ифтитоҳии хеш Нуриддин Саид қайд намуд, ки   муассисаҳои  таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ дар тайёр намудани кадрҳои баландихтисос вобаста ба талаботи бозори меҳанати дохилию хориҷӣ нақши муҳим доранд. Инчунин, таъкид шуд, ки минбаъд роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз донишгоҳ ё донишкадае, ки Шӯро дар он доир мегардад, дидан намуда, бо беҳтарин дастовардҳои онҳо шинос шуда, барои  дар оянда ғанӣ гардонидани таҷрибаи хеш истифода намоянд.  
Дар идомаи  Шӯро гузоришҳои М. Шарифзода-ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон доир ба «Фаъолияти Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар самти гузаронидани ихтисосҳои амалкунандаи донишгоҳ аз аккредитатсияи байналмилалӣ: мушкилот ва дурнамо», Ҷ. Ҷуразода-ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров дар доир ба «Ҷараёни татбиқи «Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020» дар муассисаи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров», С. Авғонов-роҳбари лоиҳаи «Рушди таҳсилоти олӣ» доир ба «Вазъи татбиқи лоиҳаи «Рушди таҳсилоти олӣ» дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», А. Шоҳназаров-котиби масъули Шӯрои ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ доир ба баррасии лоиҳаи Низомномаи Шӯрои ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  Ф. Ҳайдаров- сардори раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  дои ба «Натиҷаи фаъолияти Комиссияи барқарор ва интиқол дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ» ва «Ҷамъбасти натиҷаи ниҳоии сессияи санҷишию имтиҳонии зимистонаи соли таҳсили 2018-2019 дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ» шунида шуд.
Дар  ҷамъбаст доир ба масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул гардид.
Нафисаи АБДУЛАЗИЗ