ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ШӮРОИ МАШВАРАТИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА БЕҲТАР НАМУДАНИ ФАЗОИ САРМОЯГУЗОРӢ ДАР СОҲАИ МАОРИФ ВА ИЛМ

20-09-2018
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои банди 9 протоколи ҷаласаи 18-уми Шӯрои машвартии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар соҳаи маориф ва илм гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис додааст, ки дар доираи он гурӯҳи мазкур ҷаласаҳои Шӯрои машвартии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар соҳаи маориф ва илмро баргузор менамояд. Санаи 20-уми сентябри соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илм ҷаласаи 3-юми гурӯҳи корӣ доир гардид, ки дар он намояндагони масъули вазорату идораҳо ва шарикони рушд иштирок намуданд. Дар ҷаласаи навбатӣ муаррифии шарҳи пурраи фазои соҳибкорӣ дар бахшҳои хусусии соҳаи маориф мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар  оғози ҷаласа Ф. Усмонзода-муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, меҳмононро муаррифӣ намуд. Д. Одинаев-мушовири иқтисодии котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ баромад кард, доир ба мафҳуми Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахшҳои он ва шарикони рушд маълумоти мухтасар дод. Дар идомаи кори ҷаласа Э. Мирзоалиев-намояндаи раёсати аттестатсия, аккредитатсия ва иҷозатномадиҳии Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф дар мавзӯи «Заминаҳои ҳуқуқи барои рушди соҳибкорӣ дар соҳаи маориф», А. Ғанизода-директори муассисаи таҳсилоти умумии ғайридавлатии «Паймон»–и шаҳри Хуҷанд дар мавзӯи «Инкишофи мактабҳои хусусӣ-падидаи замони нав», А. Ҳакимиён- директори Литсейи хусусии «Раҳнамо» дар мавзӯи «Рушди муассисаҳои таълимии хусусӣ дар Тоҷикистон» баромад карданд.
Дар охири ҷаласа мубодилаи афкор сурат гирифта, як қатор пешниҳодҳо ба котиби Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар соҳаи маориф ва илм ироа гардид. 
Саймуҳаммади ИЗАТУЛЛО – корманди 
Маркази матбуоти Вазорати маориф ва
илми Ҷумҳурии Тоҷикистон