Ҷаласаи машваратии Вазорати маориф ва илм бо ЮНИСЕФ оид ба омодагӣ ба таҳияи барномаи кишварии ЮНИСЕФ барои солҳои 2023–2026 доир гардид

14-09-2021
Дафтари ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон дар ҳоли таҳияи Барномаи нави кишварӣ оид ба ҳамкорӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023–2026 ҷиҳати суръат бахшидан ба пешрафт дар амалисозии ҳуқуқи ҳамаи кӯдакон дар Тоҷикистон ва расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор қарор дорад.
Мувофиқи Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак, Конвенсия оид ба барҳам додани ҳама гуна табъиз нисбат ба занон ва бо истифода аз равиши ба ҳуқуқи инсон асосёфта, Барномаи кишварӣ ба манфиати ҳамаи кӯдакони синну соли гуногун равона буда, бо таваҷҷуҳи махсус ба ҳалли нобаробарӣ дар марҳилаҳои гуногуни давраи ҳаёт нигаронида шудааст. Бинобар ин, Барномаи кишварӣ барои солҳои 2023–2026 он афзалиятҳое, ки нисбат ба кӯдакон дар Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон то соли 2030, Барномаи чаҳорчӯбавии СММ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рушди устувор ва инчунин, стратегияҳои соҳавии бахши иҷтимоӣ дарҷ гардидаанд, инъикос хоҳад кард. 
Дар робита ба ин, 14 сентябри соли 2021 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон таҳти раёсати муовинони вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулчеҳра Ғанизода ва Нуралӣ Собирзода ва роҳбари бахши маориф дар ЮНИСЕФ Алберто Бианколи вохӯрии машваратӣ байни мутахассисони барномаҳои маориф, соҳаи беҳдошти об ва кор бо ҷавонон дар ЮНИСЕФ ва кормандони соҳаи маориф, аз ҷумла Вазорати маориф ва илм, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф, Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ ва дигар муассисањои соњавї доир гардид. 
Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо таҳлили вазъро дар соҳаи маориф мубодила карданд ва дар бораи самтҳои афзалиятноки соҳаи мазкур барои барномаи кишварии ЮНИСЕФ барои солҳои 2023–2026 ба мувофиқа расиданд. Ҳамчунин, масъалаҳои беҳдошти об ва санитария, осебпазирӣ ва омодагии низоми маориф ба ҳолатҳои фавқулодда, ҷалби ҷавонон ба раванди қабули қарорҳо ва вусъат бахшидани малакаҳо барои рушди бомуваффақияти сармояи инсонӣ дар Тоҷикистон баррасӣ шуданд. Барномаи кишварӣ ба дониш ва далелҳо, аз ҷумла ба таҳлили вазъ оид ба татбиқи ҳуқуқҳои кӯдакон асос ёфтааст.
Мавриди зикр аст, ки давраи нави барномаи кишварии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон ва самтҳои афзалиятноки соҳаи маориф иҷрои самараноки «Стратегияи миллии рушди маориф то соли 2030»-ро бевосита кафолат ва дастгирӣ хоҳанд кард.