ҚАДРДОНИИ ИШТИРОКДОРОНИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ» АЗ ҶОНИБИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ  

08-12-2020
 
   8-уми декабри соли равон иштирокдорони даври ҷамъбастии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” аз ВМКБ ва вилояти Суғд аз ҷониби вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Имомзода Муҳаммадюсуф Сайдалӣ бо Сертификат ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.
   Зимни суҳбат вазири маориф ва илм  М. Имомзода ба довталабон барои иштироки фаъол дар озмун баҳои баланд дод ва дар ҷодаи омӯзишу мутолиа барояшон комёбиҳо таманно кард. Дар рафти суҳбат иштирокдорон ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор намудани даври ҷумҳуриявии озмун изҳори сипос намуданд.
   Шоистаи таъкид аст, ки даври ҷамъбастии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” 7-уми декабри соли 2020 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон оғоз гардид ва  то 15-уми декабр идома меёбад. Дар озмуни  мазкур 9 нафар аз ВМКБ, 60 нафар аз вилояти Суғд, 79 нафар аз вилояти Хатлон, 58 нафар аз шаҳри Душанбе ва 62 нафар аз шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок мекунанд. 
   Тибқи нақша озмун барои иштирокдорони минтақаҳо дар рӯзҳои алоҳида гузаронида мешавад. Барои иштирокдорон аз ВМКБ 7-уми декабр ва вилояти Суғд 7-8-уми декабр баргузор гардид.
   Иштирокдорон аз вилояти Хатлон, шаҳри Душанбе ва НТҶ низ дар алоҳидагӣ аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сертификат ва туҳфахои хотиравӣ қадрдонӣ мегарданд.
   Дар назар аст, ки ҷамъбасти озмун 20-уми декабри соли 2020 сурат гирифта, ба  ғолибон ҷоизаву туҳфаҳои муқарраршуда тақдим карда шавад. 
Мавзуна Убайдуллоева