ҚАБУЛИ САЙЁРИ ШАҲРВАНДОН ДАР МИНТАҚАИ БОХТАР

02-07-2022
2-юми июли соли ҷорӣ дар коллеҷи тиббии инноватсионии шаҳри Бохтар барои истиқоматкунандагони шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Вахш, Ҷалолиддини Балхӣ, Панҷ, Ҷайҳун, Абдураҳмони Ҷомӣ, Дӯстӣ, Ёвон, Левакант, Хуросон, Қубодиён, Шаҳритуз, Носири Хусрав аз ҷониби муовини якуми вазири маориф ва илм Ҷамшед Ҷӯразода ва муовини вазири маориф ва илм Шукрулло Хайрзода қабули сайёри шаҳрвандон баргузор гардид. Дар он муовини раиси вилоят Фирӯза Шарифӣ ва муовинони раисони шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Вахш, Ҷалолиддини Балхӣ, Панҷ, Ҷайҳун, Абдураҳмони Ҷомӣ, Дӯстӣ, Ёвон, Левакант, Хуросон, Қубодиён, Шаҳритуз, Носири Хусрав, сардорони раёсат, шуъба ва бахши дастгоҳи марказии вазорат ва роҳбарони муассисаҳои тобеи вазорат иштирок карданд.
Дар ҷараёни қабул беш аз 40 нафар шаҳрванд иштирок намуд, ки асосан, вобаста ба дастгирии омӯзгорон, бунёди мактабҳо дар маҳаллаҳои дурдаст, сохтмони биноҳои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ, таъмини муассисаҳои таълимӣ бо мизу курсӣ ва компютерҳо, ташкили марказҳои инкишофи кӯдак, дастрас намудани дастурҳо ва маводи методӣ ва ёрирасон ба кормандони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва марказҳои инкишофи кӯдак, таъмини муассасаҳои таълимӣ бо китобҳои дарсӣ, дар бораи меъёри муайяни дарс барои омӯзгорони нафақахӯр, таъмини адабиёти таълимӣ барои кӯдакони имконияташон маҳдуд, оид ба сатҳу сифати китобҳои дарсӣ, вобаста ба озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, дастгирӣ ва имтиёз ба омӯзгорон, ҷудо намудани воҳидҳои корӣ барои фаъолияти равоншиносон дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ, қадршиносии омӯзгорони собиқадор бо нишонҳои соҳавӣ ва амсоли инҳо дархосту муроҷиатҳои худро пешниҳод намуданд. 
Зимни қабули шаҳрвандон муовини якум ва муовини вазири маориф ва илм ба масъулин ҷиҳати ҳаллу фасли саривақтии муроҷиатҳо дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Инчунин, аз муовини раиси вилоят ва муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо дархост ба амал оварда шуд, ки ҷиҳати иҷрои муроҷиатҳои шаҳрвандон, ки ба мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо вобаста аст, чораҳои зарурӣ андешанд.