503 нафар - соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ

31-05-2021
29-30-юми майи соли равон дар мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Ҳисор даври ҷумҳуриявии олимпиадаи даставӣ аз фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ ва табиӣ-риёзӣ (барои хонандагони синфи 9-10) баргузор гардид.
Дар олимпиадаи мазкур 1309 нафар хонанда ширкат варзиданд.
Дар оғоз директори Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо Тоҷинисо Маҳмадова довталабонро ба шартҳои озмун ошно намуд.
Тибқи Низомномаи олимпиадаҳо барои фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ 4 соат ва барои фанҳои табиӣ-риёзӣ 5 соат вақт ҷудо карда шуд.
30-юми май дар Амфитеатри назди муассисаи мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Ҳисор бо иштироки Муҳаммаддовуд Саломиён-муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гулчеҳра Ғанизода - муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ҷамъбастии озмун доир шуд.
М.Саломиён изҳор дошт, ки ташкилу баргузории олимпиадаҳои фаннӣ миёни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар имкон фароҳам меорад, ки истеъдодҳои нав кашф гарданд.
Ҳамин тариқ, 503 нафар (74 тилло, 170 нуқра, 260 биринҷӣ) сазовори ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм гардиданд.
Аз рӯи натиҷаҳо хонандагони мактабҳои шаҳри Душанбе бо гирифтани 208 ҷойи ифтихорӣ (40 медали тилло, 75 медали нуқра, 93 медали биринҷӣ) соҳиби ҷойи аввал, хонандагони мактабҳои вилояти Суғд бо гирифтани 115 ҷойи ифтихорӣ (12 медали тилло, 51 медали нуқра, 52 медали биринҷӣ) сазовори ҷойи дуюм ва хонандагони мактабҳои вилояти Хатлон бо гирифтани 98 ҷойи ифтихорӣ (10 медали тилло, 26 медали нуқра, 62 медали биринҷӣ) сазовори ҷойи сеюм шуданд.
Суннатуллоҳи МИРЗО