30 ХОНАНДА СОҲИБИ АТТЕСТАТИ АЪЛОИ УНИВЕРСАЛӢ ВА РАВИЯВӢ БО МЕДАЛИ ТИЛЛО ВА НУҚРА ГАРДИД

25-07-2022
23-юми июли соли равон дар толори Мактаби байналмилалии Президентӣ дар шаҳри Душанбе маросими ҷамъбастии озмун барои соҳиб шудан ба аттестати аълои универсалӣ бо медали тилло ва нуқра, аттестати аълои равиявӣ бо медали тилло ва нуқра баргузор гардид, ки дар он вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода, муовини вазири маориф ва илм Зиёдулло Абдулзода, сардори раёсати таҳсилоти миёнаи умумӣ Зиёратшоҳ Назрулозода, директори Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо Нусратулло Саломиён, омӯзгорон, падару модарон ва довталабони озмун иштирок намуданд. 
-Соҳаи амориф ва илм дар сиёсати давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз соҳаҳои афзалиятнок ва калидӣ эълон гардида, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни баромадҳои худ борҳо таъкид менамоянд, ки “Ман дар сиёсати худ маорифро дар ҷойи аввал мегузорам” ва дар ин замина таъкид низ медоранд, ки “Кӯдакони болаёқат захираи тиллоии миллат мебошанд”,-зикр кард вазири маориф ва илм дар маросими ифтитоҳӣ.
Дар озмуни имсола, ки рӯзҳои 21-22-юми июл баргузор гардид, 45 нафар довталаб аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ иштирок намуда, аз ин шумора 30 нафари онҳо соҳиби аттестати аълои универсалӣ бо медали тилло ва нуқра ва аттестати аълои равиявӣ бо медали тилло ва нуқра гардид.
Натиҷаи таҳлили ҷамъбаст нишон дод, ки хонандагони шаҳри Душанбе сазовори 13 медали тилло, хонандагони вилояти Суғд сазовори 7 медали тилло ва 1 медали нуқра, хонандагони вилояти Хатлон сазовори 6 медали тилло ва 1 медали нуқра ва хонандагон шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ сазовори 1 медали тилло ва 1 медали нуқра гардиданд. 
Ёдовар мешавем, ки соли равон аз тарафи раёсат ва шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва муассисаҳои таълимии мақоми ҷумҳуриявидошта 144 нафар довталаб ба озмуни аттестати аълои равияи универсалӣ, табиӣ-риёзӣ ва ҷамъиятӣ-гуманитарӣ бо медали тилло ва нуқра пешниҳод гардиданд, ки аз ин шумора 45 нафари онҳо (5 нафар аттестати аълои универсалӣ бо медали тилло, 11 нафар аттестати аъло бо медали тиллои равияи ҷамъиятӣ-гуманитарӣ, 26 нафар аттестати аъло бо медали тиллои равияи табиӣ-риёзӣ ва 3 нафар аттестати аъло бо медали нуқраи равияи табиӣ-риёзӣ) барои иштирок дар озмуни мазкур роҳ ёфт. 
Таҳлилҳо нишон дод, ки маъмурияти аксари муассисаҳои таълимӣ дар пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои довталабони аттестати аъло бо медали тилло ва нуқра ба саҳлангорӣ роҳ дода, ҳуҷҷатҳоро бар хилофи талаботи “Низомномаи аттестати аълои универсалӣ бо медали тилло ва нуқра, аттестати аълои равиявӣ бо медали тилло ва нуқра ва тасдиқ намудани ҳуҷҷатҳои давлатии махсус ва Тартиби бо аттестати аълои универсалӣ бо медали тилло ва нуқра, аттестати аълои равиявӣ бо медали тилло ва нуқра мукофотонидани хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон” пешниҳод намудаанд, ки дар натиҷа аз ҷониби комиссияи экспертӣ дар ҳуҷҷатҳои довталабон камбудиҳои зиёд ба қайд гирифта шуд.
 
Бахтовар Сафаров