24.09.2022: ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН ДАР ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ

24-09-2022
24-уми сентябри соли ҷорӣ бо мақсади иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ” аз ҷониби вазири маориф ва илм Саидзода Раҳим Ҳамро, муовини якуми вазири маориф ва илм Ҷамшед Ҷӯразода ва муовини вазири маориф ва илм Зиёдулло Абдулзода дар Вазорати маориф ва илм қабули шаҳрвандон баргузор гардид, ки дар он дархосту муроҷиати 56 нафар шаҳрванд мавриди омӯзишу баррасӣ қарор дода шуд.
Дар рафти қабул шаҳрвандонон, асосан, ҷиҳати қабули хонандагон ба синфи 1, қабул, интиқол ва барқарор намудан дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, интиқол аз гурӯҳи ғайриройгон ба гурӯҳи ройгон, мусоидат дар самти ҷудо намудани қитъаи замин, таъмири муассисаи таълимӣ ва чанде дигар дархосту муроҷиатҳои худро пешниҳод намуданд.
Зимни қабули шаҳрвандон вазири маориф ва илм Р.Саидзода ба масъулин ҷиҳати ҳаллу фасли саривақтии муроҷиатҳо дастуру супоришҳои мушаххас дода, таъкид кард, ки масъулини раёсату шуъбаҳои дахлдори вазорат вазифадоранд, ки дархосту муроҷиатҳои хаттии шаҳрвандонро дар давоми се рӯзи корӣ мавриди омӯзишу баррасӣ қарор дода, тибқи тартиби муқарраргардида ба муаллифони муроҷиат посухҳои хаттӣ пешниҳод намоянд.