Озмуни довталабони аттестати аълои универсалӣ бо медали тилло ва нуқра ва аттестати аълои равиявӣ бо медали тилло ва нуқра ҷамъбаст гардид

22-07-2019
Рӯзҳои 19-20-уми июли соли 2019 дар Мактаби байналмилалии Президентӣ Озмуни довталабони аттестати аълои универсалӣ бо медали тилло ва нуқра ва аттестати аълои равиявӣ бо медали тилло ва нуқра доир гардид. Дар маросими ҷамъбастии озмуни мазкур Нуриддин Саид – вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Латофат Назирӣ – муовини вазири маориф ва илм, Маҳмадова Тоҷинисо – директори Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо, кормандони масъули вазорат, устодону волидон ва довталабони озмун ширкат варзиданд.
Нуриддин Саид – вазири маориф ва илм иброз намуд, ки ҳама сайъу кушиши Вазорати маориф ва илм ба баланд бардоштани дониши толибилмони муассисаҳои таълимии мамлакат равона карда шудааст. Ба хотири муайян ва қадрдонӣ намудани хонандагони донишманду боистеъдод чунин озмунҳо ташкил карда шудаанд.
Дар озмуни мазкур 36 нафар довталаб ширкат варзиданд. Довталабон дар ду давр қувваозмоӣ намуда, донишу маҳорати худро санҷиданд. Ҳамин тариқ, 2 нафар соҳиби медали тиллои аттестати аълои универсалӣ, 18 нафар соҳиби медали тиллои аттестати аълои равиявӣ ва 3 нафар соҳиби медали нуқраи аттестати аълои равиявӣ гардиданд.
Дар охир, ба тамоми иштирокчиён Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илм, ба омӯзгорон ва волидони хонандагон Сипоснома тақдим карда шуд. Ҳамзамон, ёдовар мешавем, ки ба ғолибон ва иштирокчиёни озмун холҳои иловагӣ ҳамчун имтиёз ҷиҳати қабул шудан ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ тавассути Маркази миллии тестӣ дода мешавад.
Аҳмадшои МАСЪУД