Ба муносибати Рӯзи дониш дар Турсунзода бо иштироки зиёда аз 3 ҳазор донишҷӯю омӯзгорон ҳамоиши тантанавӣ доир гардид ТУРСУНЗОДА, 01.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ба муносибати Рӯзи дониш дар шаҳри Турсунзода ҳамоиши тантанавӣ доир гардид, ки дар он зиёда аз 3 ҳазор донишҷӯёну устодони Литсейи касбӣ-металлургӣ, Коллеҷи омӯзгорӣ, Коллеҷи давлатии тиббӣ ва Коллеҷи металлургии шаҳри Турсунзода иштирок намуданд. Тавре хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд иттилоъ медиҳад, баъд аз ...
Бинои таълимии Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи политехникии Донишгоҳи давлатии Данғара баъд аз навсозӣ ба истифода супорида шуд ДУШАНБЕ, 01.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Данғара имрӯз бинои таълимии Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи политехникии Донишгоҳи давлатии Данғара баъд аз навсозӣ ба истифода супорида шуд. Дар маросими ба истифода супоридани иншоот роҳбарияти Вазорати маориф ...
Дар шаҳри Истаравшан соли равон бунёди якчанд муассисаҳои таълимӣ ба нақша гирифта шудааст СУҒД, 01.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Истаравшан дар баробари дигар муассисаҳои таълимии мамлакат Рўзи донишро бо тамошои дастҷамъонаи суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрўз дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар ноҳияи Данғара доир намуданд. Дар ин хусус хабарнигори минтақавиии ...
Хонандагону омӯзгорони деҳаи Ғиҷоваки деҳоти Пушинги ноҳияи Данғара 1 сентябрро дар мактаби замонавӣ таҷлил намуданд ДУШАНБЕ, 01.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ғиҷоваки деҳоти Пушинги ноҳияи Данғара бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 23 баъд аз навсозӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Бинои муассиса 33 сол қабл, яъне соли 1989 бунёд гардида ...
Дар деҳаи Рахшонзамини деҳоти Корези ноҳияи Данғара бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 81 ифтитоҳ гардид ДУШАНБЕ, 01.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 1 сентябр дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Рахшонзамини деҳоти Корези ноҳияи Данғара Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 81 мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Бинои навтаъсис аз ду ошёна иборат буда, дорои синфхонаҳои ...