Машварати августии омўзгорони вилояти Суғд 21 августи соли 2023 дар Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ машварати августии омўзгорони вилоят баргузор гардид, ки дар он Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим Ҳамро, омӯзгорону собиқадорон ва кормандони соҳаи маориф иштирок намуданд. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни суханронӣ иброз ...
ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ БА РАФТИ БАРГУЗОРИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ" ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД ШИНОС ГАРДИД Имрӯз, 20 августи соли 2023 вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода дар доираи сафар ба вилояти Суғд ҷиҳати иштирок дар машварати августии кормандони соҳаи маорифи вилоят ба рафти баргузории даври сеюми озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" шинос гардид. Вазири маориф ва илм - аъзои комиссияи ҷумҳуриявии озмуни ...
ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ БА РАФТИ ОМОДАГИИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ШАҲРИ БӮСТОНИ ВИЛОЯТИ СУҒД БА СОЛИ НАВИ ХОНИШ ШИНОС ГАРДИД 20 августи соли ҷорӣ вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода аз муассисаҳои таълимии шаҳри Бӯстони вилояти Суғд боздид кард. Зимни боздид вазири маориф ва илм ба масъалаҳои омодагӣ ба соли нави хониш, аз таъмири ҷорӣ баровардани муассисаҳои таълимӣ, омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистонгузаронӣ, иштироки хонандагон дар озмуну олимпиадаҳои ...
МАҶЛИСИ ВАСЕИ МАШВАРАТИИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ МАОРИФ ВА ИЛМ ДАР ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КӮҲИСТОНИ БАДАХШОН. 18 августи соли ҷорӣ дар шаҳри Хоруғ маҷлиси васеи кормандони соҳаи маориф ва илми ВМКБ доир гардид, ки дар он вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Саидзода Раҳим Ҳамро, муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ВМКБ, муҳтарам Мирзонабот Алишер Худобердӣ, раисони шаҳру ноҳияҳои ВМКБ, мудирони шуъбаҳои ...
БОЗДИДИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ АЗ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ НОҲИЯИ АЙНӢ 19 августи соли равон вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода дар доираи сафар ба вилояти Суғд ҷиҳати иштирок дар машварати августии омӯзгорони вилоят бо вазъи омодагии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №№6 ва 53-и ноҳияи Айнӣ ба соли нави хониш шинос гардид. Нахуст зимни боздид аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии ...