ОМОДАГӢ БА БАРГУЗОРИИ ДАВРИ СЕЮМИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ ““ТОҶИКОН” - ОИНАИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ” 6 сентябри соли ҷорӣ дар Вазорати маориф ва илм таҳти раёсати муовини якуми вазири маориф ва илм Ҷамшед Ҷӯразода ҷаласаи корӣ баргузор гардид, ки дар он аъзоёни комиссия, ҳайати ҳакамони даври сеюми озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» - оинаи таърихи миллат», комиссияи аппелятсионӣ, намояндагони раёсату шуъбаҳои маориф ва дигар масъулон ба тариқи ...
ИҶРОИ ДАСТУРУ СУПОРИШҲОЕ, КИ АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ЗИМНИ СУХАНРОНИИ ХУД ДАР РӮЗИ ДОНИШ ВА ДАРСИ 5 сентябр дар Вазорати маориф ва илм таҳти раёсати вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳое, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ дар Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ дар Донишгоҳи тиббии Хатлон дар ноҳияи Данғара ироа ...
ИМД-2023. Маркази миллии тестӣ бақайдгирии давраи сеюми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавиро оғоз намуд ДУШАНБЕ, 04.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Шуруъ аз имрӯз Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бақайдгирии довталабонро барои иштирок дар даври сеюми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023 (ИМД-2023) оғоз намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Маркази миллии тестӣ ...
СУХАНРОНИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР РӮЗИ ДОНИШ 01.09.2023 09:30, ноҳияи Данғара Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аҳли илму маориф, устодону омӯзгорон, донишҷӯёну хонандагон, падару модарони гиромӣ ва ҳозирини арҷманд! Таҷлили Рӯзи дониш ва баргузории Дарси сулҳ дар оғози соли хониш яке аз анъанаҳои неки даврони соҳибистиқлолӣ, тантанаву бузургдошти саводу дониш ва хираду маърифати мардуми куҳанбунёди тоҷик мебошад. Воқеан, илму дониш аз замонҳои хеле қадим то даврони ...
ИФТИТОҲИ БИНОИ АСОСИИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ТИББИИ ХАТЛОН ДАР НОҲИЯИ ДАНҒАРА 01.09.2023 09:27, ноҳияи Данғара 1 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар “Рӯзи дониш” ва дарси сулҳ бинои асосӣ ва таълимии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлонро дар ноҳияи Данғара мавриди истифода қарор доданд. Бинои бошукуҳ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо тарҳи замонавӣ ва услуби меъмории миллӣ бунёд ...