Мушкилкушои ҷавонон бошем!

09-06-2017

«Ману ҷавонии ману ҷавонии ҷавонони муосир». Бо чунин унвон андешаҳои сардабири ҳафтаномаи «СССР» Сайёфи Мизроб (№20 (453), аз 18 майи соли 2017) дар арафаи анҷоми соли таҳсили таълимгирандагони муассисаҳои таълимӣ ва Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон- 23 май ба табъ расид.

Муаллиф мавзӯи хатм-кунандаҳои имсолаи муас-сисаҳои таълимӣ - занги камолот, шабнишинӣ, маҳфили шарикдарсон ва суруди «Занги охир»-ро мавриди баҳс ва андеша қарор дода, «дилсӯзона» кӯшидааст атрофи «мушкилии идеологии ҷавонони муосир», ки «1 ҷавон дар даврони мо бояд чӣ коре кунад?» изҳори назар созад. 

Дуруст аст, ҷавонони имрӯза дар айёме умр ба сар мебаранд ва таҳсил доранд, ки аз ҷавонони солҳои пеш, манзур аҳди Шӯравӣ ба куллӣ фарқ доранд. Он вақт таълим дар ҷойи аввал буду тарбия дар ҷойи дуюм. Тақозои замон аст, ки айни замон ин ду мафҳум ҷойи худро иваз кардаанд. Тарбия нахустунсур шуд. Ба ин хотир, қабули санадҳои зиёди танзимкунандаи самти тарбия беҳуда нест. Манъи бо мошинҳо ба дарс омадан, истифодаи телефони мобилӣ дар раванди дарс барои донишҷӯён ва манъи истифодаи он барои хонандагон, сару либоси хоси таълимӣ, бо ҷузвдон, ашёи таълим, бо тайёрӣ ба дарс омадан ва дар доираи талаботи «Оиннома»-и муассисаи таълимӣ амал намудан, омилҳое мебошанд, ки талаби замони имрӯз аст.  

Дар чанд соли охир оқибатҳои бо мошин ба дарс омадани таълимгирандагон, таҷлили  бошукӯҳу серхароҷоти маъракаҳои «Занги камолот», ки хилофи ҷашну анъанаҳо буда, ҳатто боиси фалокати чаҳор хатмкунанда дар садамае дар роҳи Қалъаи Ҳисор гардид, ҳамчунин, нохушиҳои зиёди дигаре, аз қабили сайру саёҳат ба истироҳатгоҳҳои берун аз шаҳр, ки боиси сар задании садама ва фалокатҳои гуногун, ғарқ шудани ҷавонон дар дарёву кӯлҳо ва ҷангу хархашаҳои гурӯҳӣ дар байни таълимгирандагон гардида, ҷони чандин нафарро рабуданд, боиси он шуд, ки ҷиҳати пешгирии он чораҳо андешида шаванд. Танҳо дар доираи муассисаи таълимӣ ва дар доираи вақти муайян бо ба инобат гирифтани  меҳнату заҳмати омӯзгорон, ҳосил шудани муроди таълимгирандагон ва ба зинаи камолот раҳнамун сохтани онҳо- бе ташвишҳою харҷу хароҷоти зиёдатӣ гузаронидан, иқдоми мақомоти  дахлдор шуданд.

Муқаррарот дар бораи он ки таълимгирандагон то синни муайян ба масҷид нараванд, дуруст аст. Вазифаи таълимгиранда аз омӯхтану такмил додани ҷаҳони ботинию маънавӣ, ба чашми хирад дарк кардани дину мазҳаб аст, на саҷдаву тавбаҳои кӯркӯронаву риёӣ! 

Оё ба ҷуз марказҳои дилхушиву бозиҳои компютерӣ, дискотеку интернет-кафе ва мошину истифодаи бемавриди телефонҳои мобилӣҷавонон аз дигар шуғлҳо маҳруманд?! 

Ғамхориву таваҷҷуҳи зиёди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми мулоқоту суханрониҳояшон дар бораи фароҳам овардани шароити созгору мусоид барои хонандагон, ташкили марказҳои таҳсилоти иловагӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳо ва ҷалби таълимгирандагони лаёқатманд ва соҳибистеъдодҳо ба чунин марказҳо, дар назди тамоми муассисаҳои таълимӣ ташкил кардани омӯзиши  забонҳои хориҷӣ, маҳфили фанҳои алоҳидаи таълимӣ, омӯзиши иловагии компютерҳо, истифода аз китобхонаҳои анъанавиву электронӣ, майдонҳои варзишӣ, маҳфилҳои фар-ҳангӣ, марказҳои техникиву технологӣ, инноватсионӣ, академияҳои хурди илмӣ ва амсоли инҳо магар наметавонанд ҷавононро ба оғӯши худ гиранд?!. 

Маҳз ҷалби ҷавонон ба чунин марказу маҳфилҳо, ки кори сарҷамъонаро талаб менамояд, «..пеши роҳи ҷавон гаштани ҷиноёт»-ро гирифта метавонад. Риояи ҳатмии ҳуҷҷатҳои меъёриву ҳуқуқии дар самти таълиму тарбия қабулшуда, махсусан, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд ва риояи бечунучарои танзими ҷашну маъракаҳо, ҷавононро аз ҳавою ҳавасҳои номатлуб, ифроту гумроҳӣ, амалу гаравишҳои ноҷо раҳонида метавонад. 

Барои он ки наслҳо аз ҳама гусаставу дуртарак нашаванд, ҳамагӣ вазифадорем, ки дилсӯзона ҷавононро мувофиқи талаботи замони муосир ва дар рӯҳияи худогоҳиву хештаншиносӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, зиракии сиёсиву ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва тафаккури замонавӣ ба камол расонем. Он вақт бо қатъият гуфта метавонем: «Мо метавонем!»

Раҷабалӣ Сангов,