ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ МАЪМУРИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД 07.09.2017

07-09-2017
 
 
Раёсати муносибатҳои байналмилалӣ
Сармутахассиси раёсати муносибатҳои байналмилалӣ
 - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1040 сомонӣ;
Мутахассиси пешбари раёсати муносибатҳои байналмилалӣ
 - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 847 сомонию 60 дирам;
Мутахассиси раёсати муносибатҳои байналмилалӣ
 - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 696 сомонию 80 дирам.
 
Раёсати таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ
Сармутахассиси раёсати таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ
 - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1040 сомонӣ.
 
 
Талабот ба довталабон
 
Ҳуҷҷатҳои зарурии пешниҳодшаванда:
 
- ариза ба унвони роҳбари мақомоти давлатӣ бо шакли дар замимаи 1 пешбинигардида; 
- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи  4х6);
- тарҷумаи ҳол;
- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
- маълумотнома  оид ба вазъи саломатии шакли 086УЕ;
- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;
- маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;
- нусхаи шиноснома;
- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, хизмати ҳарбиро адо намудаанд).
 
Талаботҳои тахассусӣ барои ишғолкунандагони мансабҳои 
холии маъмурии хизмати давлатӣ 
 
  1.Талаботи тахассусӣ барои мансаби сармутахассиси раёсати муносибатҳои байналмилалӣ - таҳсилоти олии касбӣ ё  ихтисоси ба  мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
- донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
           -малакаи озодона ҳарф задан ва навиштан бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ;
-малакаи кор  бо компютер, аз ҷумла барномаҳои Microsoft Office (Word, Power point, Excel).
 
2.Талаботи тахассусӣ барои мансаби мутахассиси пешбари раёсати муносибатҳои байналмилалӣ - таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
           -малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
           -малакаи озодона ҳарф задан ва навиштан бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ;
           -малакаи кор  бо компютер, аз ҷумла барномаҳои Microsoft Office (Word, Power point, Excel).
 
3.Талаботи тахассусӣ барои мансаби мутахассиси раёсати муносибатҳои байналмилалӣ - таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
           -малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
           -малакаи озодона ҳарф задан ва навиштан бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ;
           -малакаи кор  бо компютер, аз ҷумла барномаҳои Microsoft Office (Word, Power point, Excel).
 
4.Талаботи тахассусӣ барои мансаби сармутахассиси раёсати таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ -таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси гуманитарӣ ё  ихтисоси ба  мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
           -малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
           -малакаи озодона ҳарф задан ва навиштан бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ (донистани забонҳои хориҷӣ афзалият дорад);
           -малакаи кор  бо компютер, аз ҷумла барномаҳои Microsoft Office (Word, Power point, Excel).
 
        Нишонии қабули ҳуҷҷатҳо: шаҳри Душанбе, кӯчаи Нисормуҳаммад-13А, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон,  то 28 сентябри соли 2017 (ҳар рӯз аз соати 1400 то 1700)  дар раёсати кадрҳо ва корҳои махсус  - ҳуҷраи 400, 412, сомона: www.maorif.tj, суроғаи электронӣ: mort@maorif.tj телефон: 221-67-07, факс: 221-70-25 
Озмун  рӯзи 6 октябри соли 2017  соати 1000 баргузор мегардад.