Бақайдгирии довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии хориҷи кишвар

19-06-2017
        Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар Муассисаи давлатии “Маркази барномаҳои байналмилалӣ” бақайдгирии довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Қирғизистон, Украина ва инчунин, дар
Донишгоҳи давлатии иқтисодии Самара;
Донишгоҳи давлатии агротехнологии Рязан;
Донишгоҳи инустриалии Тюмен ва
Донишгоҳи давлатии Олтой дар зинаҳои бакалавр ва магистратура дар соли таҳсили 2017-2018 оғоз гардидааст.
        Барои дарёфти маълумоти бештар метавонед ба Муассисаи давлатии “Маркази барномаҳои байналмилалӣ” (ш. Душанбе, кӯчаи М. Турсунзода 47) ва бо телефонҳои 221-18-83, 223-23-57 ва ё сомонаи марказ http://www.edu-cip.tj/index.php/tj дар тамос шавед.
        Ҳамзамон, ба маълумоти Шумо мерасонем, ки кишвари Ҷопон барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бурсияҳои таҳсилӣ дар соли таҳсилии 2017-2018 ҷудо намуда, қабули ҳуҷҷатҳои довталабон то санаи 19 июни соли ҷорӣ дар Сафорати Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сомонаи сафорат http://www.tj.emb-japan.go.jp/itprtop_ru/index.html идома меёбад. Маълумоти бештарро аз сомонаи мазкур пайдо карда метавонед.