МУОВИНОНИ ВАЗИР

МИРБОБОЕВ РАҲМАТУЛЛО МАДАЮБОВИЧ
МУОВИНИ ЯКУМИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМИ  ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 
22 августи соли 1956 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст, тоҷик, маълумоташ олӣ. Номзади илмҳои иқтисодӣ.
ФАЪОЛИЯТИ МЕҲНАТӢ:
Солҳои 1973-1977 - Донишҷӯи Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин
Солҳои 1977-1979 - Ассистенти кафедраи иқтисоди сиёсии Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин
Солҳои 1979-1983 – Аспиранти Институти иқтисодиёти АИ СССР
Солҳои 1983-1987 - Ассистенти кафедраи иқтисоди сиёсии Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин
Солҳои 1987-1994 - Муалими калони кафедраи иқтисоди сиёсии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон
Солҳои 1994-2003 - Муаллими калони кафедраи МИБ, муовини декани факултети молиявию баҳисобгирии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон
Солҳои 2003-2004 - Иҷрокунандаи вазифаи дотсенти кафедраи МИБ факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон
Солҳои 2004-2006 - Дотсенти кафедраи МИБ факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон
Солҳои 2006-2008 - Декани факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Солҳои 2008-2010 - Декани факултети иқтисод ва идораи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Солҳои 2010-2012 - Муовини ректор оид ба таълими Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Солҳои 2012-2013 - Ректори Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон
Аз декабри соли 2013 то ҳоло – Муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
Забонҳои англисӣ ва русиро медонад.
Оиладор, соҳиби 3 фарзанд.
 

НАЗИРӢ ЛАТОФАТ ҚАҲОР
МУОВИНИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
2 марти соли 1963  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст, тоҷик, маълумоташ олӣ. Унвони илмӣ -  номзади илмҳои педагогӣ (соли 2006), дотсент (соли 2008).
ФАЪОЛИЯТИ МЕҲНАТӢ:
Солҳои  1982-1987 - Донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин 
Солҳои 1987-1992 -  Донишҷӯи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон  
Солҳои 1983-1994 - Муаллими таъриху ҷамъиятшиносии мактаби рақами 22-и шаҳри Ваҳдат
Солҳои 1994-2000Ассистенти, муаллими калони Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон, ҳамзамон муовини декани факултети таърих оид ба тарбия, шаҳри Душанбе
Солҳои 2000-2003 - Таҳсил дар шуъбаи аспирантура
Солҳои 2003-2005 - Муаллими калони кафедраи педагогикаи ДДМТ, шаҳри Душанбе
Солҳои 2005-2008 - Мушовири калон, ҳамоҳангсози Ҳаракати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, шаҳри Душанбе
Соли 20.12 (01-08) - Сармутахассиси Раёсати мактабҳои олӣ ва баъдидипломии Вазорати  маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе
Солҳои 2008-2012 - Муовини ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба тарбия, шаҳри Душанбе
Солҳои 2012-2016 - Ректори Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф, шаҳри Душанбе
Аз 11 январи соли 2016 то ҳоло - Муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
Забонҳои русӣ ва олмониро медонад.
Оиладор, соҳиби 2 фарзанд
 

ОДИНАЗОДА БОЗОРАЛӢ НЕЪМАТ
МУОВИНИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМИ  ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
21 ноябри соли 1965дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст, тоҷик, маълумоташ олӣ. Номзади илмҳои техникӣ, дотсент. 
ФАЪОЛИЯТИ МЕҲНАТӢ:
Солҳои 1983-1984 - Донишҷӯи Донишкадаи политехникии Тоҷикистон
Солҳои 1984-1986 -  Хизмати ҳарбӣ
Солҳои 1986-1991 - Донишҷӯи Донишкадаи политехникии Тоҷикистон
Солҳои 1991-1994 - Ассистенти кафедраи ТМД ва АМ, ДПТ, ш. Душанбе
Солҳои 1994-2000 - Унвонҷӯ ва аспиранти Институти пӯлод ва хӯлаҳои ш. Москва (МИСиС)
Солҳои 2000-2002 - Намояндаи Кумитаи саноати назди Ҳукумати ҶТ дар Федератсияи Россия, ш. Москва
Солҳои 2002-2004  - И.в.мудири кафедраи «М ва КТТ» Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ
Солҳои 2004-2005 - Мудири кафедраи байни донишгоҳии «ҲОМЗ»-и Маркази миллии патенту иттилооти ҶТ
Солҳои 2005-2008 - Муовини ректор оид ба корҳои ташкиливу тарбиявии ДТТ ба номи академик М. Осимӣ
Солҳои 2008-2011 - Декани факултети механикӣ ва технологии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ
Солҳои 2011-2013 - Муовини ректор оид ба корҳои таълимии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ
Солҳои  2013-2014 - Муовини вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Аз 7 апрели 2014 то ҳоло - Муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
Забонҳои англисӣ ва русиро медонад.
Оиладор, соҳиби 4 фарзанд.

 

УСМОНЗОДА ФАТҲИДДИН БАДРИДДИН
МУОВИНИ ВАЗИРИ МАОРИФ  ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
18 апрели соли 1975 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст, тоҷик, маълумоташ олӣ. Номзади илмҳои иқтисодӣ (соли 2007).
ФАЪОЛИЯТИ МЕҲНАТӢ:
Солҳои 1993-1998 – донишҷӯи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ
Солҳои 1999-2007 - Ассистент, муаллими калон, иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи «Менеҷменти истеҳсолот»-и Донишгоҳи техникии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе
Солҳои 2007-2011 - Сардори раёсати банақшагирӣ, иҷрои буҷет ва ояндабинӣ дар соҳаи маорифи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе
Солҳои 2011-2014 - Муовини вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон 
Аз апрели соли 2014 то ҳоло- Муовини вазири маориф  ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
Забони русиро медонад.
Оиладор, соҳиби 5 фарзанд