ВАРАҚАИ ИТТИЛООТӢ

08-10-2019
Маркази ҷумҳуриявии муассисаи таҳсилоти иловагии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 8-уми ноябри соли 2019 конференсияи ҷумҳуриявии илмиро дар мавзӯи «Мубодилаҳои таҷрибаҳои илмӣ-педагогӣ» баргузор менамояд.
Маърӯза (мақола)-ҳои ирсолшуда бояд ба талаботҳои зерин ҷавобгӯй бошанд:
Фишурдаи маърӯзаҳо (мақолаҳо) дар ҳаҷми 8-10 саҳифаи андозааш А4, ҳуруфи ТimesNewRomanТj, андозаи ҳарфҳо-12 ва интервали 1 қабул карда мешаванд.
Тартиби навишт: номи мавзӯъ, ному насаби муаллиф, номи муассиса, суроғаи электронӣ, рақами телефон, матн.
Мақолаҳо дар шакли флеш-дискҳо, ё почтаҳои электронии Mdmjmti-vm@mail.ru, sshofitur@gmail.com, safarzodaumedjon@gmail.com  қабул карда мешаванд.
Фишурдаи маърӯзаҳо бояд ба суроғаи Кумитаи тадорукот то 20-уми октябри соли 2019 фиристода шаванд.
Суроға: ш. Душанба, кӯчаи Ҳабибулло С. 6, гузаргоҳи 1.
Телефонҳо барои тамос: 221-37-71, 227-92-78.