«УФУҚҲОИ ИСТИҚЛОЛ» - ҲАДАФ АЗ РУШДИ УСТУВОРИ КИШВАР

28-12-2018
«Масъалаи маориф дар таълиму тарбия чун яке аз рукнҳои муҳими давлатдорӣ ва манбаи асосии ташаккули захираҳои муҳими давлатдорӣ ва манбаи асосии ташаккули захираҳои инсонӣ дар кишвар мавриди таваҷҷуҳи доимии мо қарор дорад. Мо зимни паёму суханрониҳои худ дар иртибот ба соҳаи маориф ҳамеша дастуру супоришҳои муҳиму мушаххас дода, рушди пайгиронаи онро дар сиёсати кунунии давлату ҳукумат ҳамчун масъалаи аввалиндараҷа арзёбӣ менамоем. Омӯзиш ва таҳлили вазъи мактабу маориф ва таълиму тарбия дар марҳилаи аввали Истиқлолияти давлатӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро муваззаф гардонид, ки барои дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани рушди соҳаи маориф чораҳои саривақтӣ ва муассир андешад ва давра ба давра бо қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва консепсияҳою барномаҳои давлатӣ ҷиҳати бартараф кардани мушкилоти соҳаи ниҳоят афзалиятнок иқдоми ҷиддиро амалӣ гардонад».
Эмомалӣ РАҲМОН
 
29-уми декабри соли ҷорӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ибтикори Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон муаррифии китоби тозанашри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Уфуқҳои истиқлол» баргузор гашт. Дар рафти муаррифии китоби мазкур ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Қодир Қосим, муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфиддин Давлатзода, инчунин ходимони илм ва аҳли зиё, донишҷӯёни муассисаҳои олии ҷумҳурӣ иштирок намуданд. Зикр гардид, ки осори арзишманди Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари аҳамияти илмиву адабӣ ва таърихӣ аз назари тарбияи ҷавонон низ пурарзиш маҳсуб мешавад.
Дар китоби арзишманди Пешвои миллат «Уфуқҳои истиқлол» дар бораи рушд ва комёбиву дастовардҳои кишварамон дар чаҳоряк асри Истиқлолияти давлатӣ, марҳалаи эҳё ва барқарорсозии давлати миллии тоҷикон, рушди иқтисодии мамалакат, сиёсати иҷтимоӣ ва натиҷаҳои умедбахши он, Ваҳдати миллӣ ва суботи иҷтимоӣ, манфиатҳои миллӣ ва сиёсати хориҷӣ, мақоми Тоҷикистон дар ҷаҳони муосир ва фардои дурахшони кишвари соҳибистиқлоламон сухан меравад.
Дар кори мизи гирд ҷиҳатҳои тарбиявии китоби мазкур баррасӣ шуда, доир ба китобҳои Ассосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавсияҳо аз ҷониби аҳли нишаст пешниҳод шуд:
- омӯзиши ҷанбаҳои фарогирифтаи китоби мазкур дар тамоми зинаҳои таҳсилот ва доир намудани пажӯҳишҳои таҳқиқотӣ доир ба он;
- таҳлил намудани бахшҳои дахлдори китоби мазкур дар дарсҳои соатҳои тарбиявӣ, соатҳои кураторӣ ва ҷамъомадҳои пагоҳирӯзӣ;
- доир намудани чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ оид ба асарҳои Пешвои миллат дар муассисаҳои таълимӣ;
- пажӯҳиши осори Пешвои миллат дар кафедраҳои ҷамъиятшиносии муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар ва ташкил намудани озмуни беҳтарин мутолиакунандаи китобҳои Пешвои миллат дар байни донишҷӯён.
Мавриди ба зикр аст, ки Пешвои миллат дар боби сеюми китоби «Уфуқҳои истиқлол» масъалаи сиёсати иҷтимоӣ ва натиҷаҳои онро мавриди таҳлил қарор додаанд. Пешвои миллат дар ин боб бештар аз дастовардҳои илм, маориф, тандурустӣ, муҳоҷират ва танзими он сухан рондаанд. Маҳз ҳамин ғамхорию дастгириҳои Пешвои миллат моро муваззаф мегардонад, ки баҳри ояндаи дурахшони кишвар корро дар самти маорифу илм аз ин ҳам беҳтару хубтар гардонем.
Китоб барои сиёсатшиносону муаррихон, муҳақиқону коршиносони масоили сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, байналмилалӣ, рӯзноманигорон ва умуман, доираи васеи хонандагон пешбинӣ гардидааст.