Таваҷҷуҳи ҷиддӣ мебояд

05-06-2017

Дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии  рақами 100 – и шаҳри Душанбе таҳти раёсати муовини вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Латофат Назирӣ бо иштироки мудирони шуъбаҳои маориф, директорони мактабҳои таҳсилоти умумӣ  ва мудирони кӯдакистонҳои шаҳри Душанбе ҷаласа баргузор гардид. 

Муовини вазири маориф ва илм  ҷиҳати татбиқи қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 28 апрели соли 2017, № 5/23) «Дар бораи манъи гузаронидани чорабиниҳои «Занги камолот», «Иди Алифбо», «Хайр, боғча!»  дар муассисаҳои таълимӣ  ва вобаста ба ин, оид ба фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 17 майи соли 2017, №1741) «Дар бораи амалӣ намудани қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ кард. Аз ҷумла, гуфта шуд, ки тибқи банди 5 – и карори мушовара дар сурати риоя накардани қарори мазкур аз ҷониби роҳбарони муассисаҳои таълимӣ (новобаста аз шакли моликият ва тобеияташон) ё омӯзгорону мураббияҳо тибқи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба онҳо муҷозоти меҳнатӣ пешбинӣ шудааст. Бино ба гуфти мавсуф, новобаста ба ҳамаи ин таъкидҳо тавассути телефони  боварии  вазорат ва шабакаҳои иҷтимоӣ  сару садоҳое баланд мешаванд, ки баъзе аз роҳбарони мактабҳо дидаву дониста ба таври пинҳонӣ мехоҳанд ба ташкили чорабиниҳои номбурда мусоидат намуда, қарори номбурдаи мушовараи  вазоратро  нодида  бигиранд. 

 Дар ҷаласа, ҳамчунин,  дар бораи ҷамъоварии ғайриқонунии маблағҳо бо мақсади таъмири мактабҳо дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе сухан рафт. Гуфта шуд, ки дар асоси фармони раиси шаҳри Душанбе барои соли хониши 2017 – 2018 маблағ аз ҳисоби буҷаи шаҳр ҷудо гардидааст ва ягон муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва маълумоти миёнаи умумӣҳақ надорад, ки барои таъмири мактаб ва синфхонаҳо аз падару модарон маблағҷамъоварӣ  намояд. 

Дар ҷаласа  сардори раёсати  иқтисод, банақшагирӣ  дар соҳаи маориф ва илм Икромҷон Донахонов доир ба таҳияи сметаи хароҷот барои соли таҳсили 2017 – 2018 сухан гуфт. Мушоҳидаҳо нишон доданд, ки ҳангоми тартиб додани нақшаи хароҷот баъзан ба сарфи бемақсади маблағ роҳ дода, мушкилоти зиёдро пеш меоранд. Аз ин сабаб, бояд ҳар як роҳбари муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва маълумоти миёнаи умумӣ саривақт ба таҳияи дурусти он пардозанд, таъкид намуд ӯ. 

Муовини директори Маркази  ҷумҳуриявии методию таълимии  назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Сафарова роҷеъ ба гузаронидани дарсҳои иловагӣ сухан гуфт. Ба андешаи сардори раёсати муассисаҳои таҳсилоти   томактабӣ ва миёнаи умумии вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ  Абдуҷаббор Алиев, имрӯз дар баъзе муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе хонандагон ҳатто  дар се баст таҳсил мекунанд. Дар чунин шароит чӣ тавр дарсҳои иловагиро гузарондан мумкин? 

Дар ҷаласа Т. Маҳмадова - директори Маркази ҷумҳу-риявии дарёфт ва  рушди истеъдодҳо, К. Исоев – директори  Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методӣ, С. Қосимӣ – директори муассисаи давлатии Маркази таҳсилоти иловагӣ, К. Назаров – директори  Маркази технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсияи назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон низ доир ба масъалаҳои марбута суханронӣ намуданд.        

Ҳотами Ҳомид, 

Насриддин Охунзода