Стипендияи Менделеев ба донишҷӯёни фаъол

13-03-2017

Ҳамасола аз ҷониби ташкилоти ғайри-тиҷоратии русиягии Фонди Институти Аврупоии тадқиқотӣ беҳтарин донишҷӯёни вилояти Суғд ба гирифтани стипендияи ба номи Д.И.Менделеев сазовор мешаванд.

Дар факултаи филологияи тоҷики Донишго-ҳи давлати Хуҷанд ба номи академик Б.ғафуров  маросими супоридани стипендия ба ғолибони навбатӣ баргузор гардид. Хуршеда Содиқова танзимгари ин ташкилот аз номи ин ҷамъият кулли ҷавононро ба муносибати эълон шудани соли 2017- Соли ҷавонон табрик намуда, қайд кард, ки ташкилоти мазкур бо мақсади тақвияти дониши донишҷӯён ва мустаҳкам намудани робитаи ҷавонони кишвар бо Россия ин ҷоизаро ташкил намуда, то имрӯз наздик ба 110 нафар донишҷӯёни фаъол чунин идрорпулиҳоро додааст.

Мажейка Кирас Иозович, ноиби Президенти байналмилалии Авруосиёии Академияи телевизион, радио ва матбуот, Академики академияи илмҳои Россия, мушовири давлатӣ, профессор дар хусуси робитаи ҳасанаи Россия бо Тоҷикистон ҳарф зад.

Сипас маросими қадршиносии донишҷӯён сурат гирифт. Боиси хушнудист,  ки аз ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров донишҷӯён Марҳабо Мадаминова ва Заррина Мирзоалиева аз факултаи филологияи рус ва Хуршед Бобоҷонов, донишҷӯи курси 3, факултаи сохт-мон ва нақлиёти Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон барои фаъолияти хубу назаррас соҳиби стипендияи ба номи Менделеев гардиданд.

Нуъмон РАҶАБЗОДА