Роҳнамои довталаб

13-02-2018
Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  дастури иттилоотию методиро зери унвони «Роҳнамои довталаб» ба нашр расонид, ки дар хусуси имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ ва масъалаҳои муҳимми марбут ба он маълумот медиҳад. Дастури мазкур аз бахшҳои «Ихтисосро бояд чӣ гуна интихоб кард?», «Кадом муассисаҳои таълимӣ ба низоми ИМД дохиланд?», «Довталаб кай ва чӣ тавр бояд аз қайд  гузарад?», «Пешномнависӣ», «Эссе чист ва чӣ тавр навишта мешавад?»… иборат буда, дар он доир ба ин масоил иттилооти комил пешниҳод шудааст. Аз ҷумла, дар бахши «Имтиёз ба киҳо дода мешавад?» дов-талаб бо гурӯҳҳои шахсони имтиёздор, шарту талабот ва тартиби додани имтиёзҳо, дар бахши «Аризаи апеллятсиониро дар кадом ҳолат навиштан мумкин аст?» бо шарту талаботи навиштани аризаи апеллятсионӣ (дар сурати норозӣ  будани  довталаб аз риоя нагардидани тартиби баргузории имтиҳонҳо ва ё натиҷаи имтиҳонҳо), дар бахши «Қабул ва баргардонидани маблағи хизматрасонӣ дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ»  бо муҳлат ва шартҳои пешниҳоди ариза барои  баргардонидани маблағи хизматрасонӣ дар ИМД  ва ғайра шинос мешавад.  Қобили зикр аст, ки «Роҳнамои довталаб» бо теъдоди 18 000 нусха чоп ва ба алоқамандон ройгон тақсим карда мешавад.