Роҳнамо ба комёбиҳои навин

12-01-2018
Имсол  17 – умин Паёми  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар ироа гардид. Бояд гуфт, ки Паёми имсолаи  Роҳбари давлат чун солҳои пешин фарогири муҳимтарин масъалаҳои ҷомеа буда, дурнамои рушди кишварро дар тамоми самтҳо барои соли оянда муайян менамояд. Дар Паём дар баробари масъалаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ  ба вазъи сиёсии ҷаҳону минтақа ва таъмини амнияту осоиштагии ҷумҳуриамон таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардид. Бахусус,  ба масъалаи мактабу маориф низ андешаҳои боэътимоду хурсандибахш гуфта шуданд, ки он ба мо, аҳли маориф, рӯҳу илҳоми  тоза мебахшад. 
Албатта, устодону профессорони донишкадаи мо низ аз чунин муносибати хайрхоҳонаи Сарвари давлат нисбат ба соҳаи маориф ҳавасманд  гардида, бо мақсади иҷрои рисолати азалии хеш дар роҳи таълиму тарбияи насли ҷавон ҳамаи донишу малакаи худро сарф менамоянд. Аз раванди  имтиҳоноти  нимсолаи соли хониши 2017 – 2018 маълум гардида истодааст, ки аксари донишҷӯёнамон нимсоларо бо баҳои сазовор ҷамъбаст менамоянд. Хурсандиовар он аст, ки дониши шогирдон сол то сол беҳтар гардида, нисбат ба солҳои қаблӣ фарқи куллӣ дорад. Ҳатто як қисми онҳо ҷасурона ба навиштани корҳои илмӣ даст зада истодаанд, ки ин боиси болидарӯҳии мо, устодон, аст. Бархе аз донишҷӯёни фаъол таҳсилро дар муассисаҳои хориҷ аз кишвар идома доданианд. Фикр мекунам, ин талаби айём ҳам ҳаст, зеро имрӯз вақти он расидааст, ки Тоҷикистони маҳбубамонро ба дигар давлату халқиятҳо дар қатори дигар соҳаҳо  дар самти маорифу илм низ  муаррифӣ намоем. 
Нуктаи дигари муҳим, ки дар Паёми имсола таъкид гардид, муҳимияти фаъолияти омӯзгор, худомӯзиву кофтуковҳои эҷодии ӯ ва рушди илму маориф аст. Бояд фаромӯш накард, ки танҳо миллати босавод метавонад насли соҳибмаърифату донишманд ва кадрҳои арзандаи давронро ба воя расонад, пеш равад ва дар ҷомеаи мутамаддин мақоми арзандаи хешро пайдо намояд. Вобаста ба ин, иҷрои  нуктаҳои як қатор санаду қарорҳои соҳавӣ имкон медиҳад, ки дар пешрафту шукуфоии ҷомеа, ташаккули насли наврас, аз ҷумла, соҳаи маориф ба комёбиҳо ноил гардем. 
Президенти мамлакат дар Паём аз робитаи оила ба мактаб, масъулияти падару модарон дар камолоти фарзандон  ёдовар гардида, таъкид намуданд, ки маҳз Қонуни  Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» бо ҳамин мақсад таҳия  ва  пешкаши ҷомеа гардидааст. Ин қонун дар баробари он, ки вазифаҳои падару модаронро муайян кардааст, масъулияти онҳоро низ таъкид менамояд. Яъне  имрӯз агар мактабро аз оила ё баръакс, оиларо аз мактаб  ҷудо тасаввур намоем, пас на омӯзгорон  ва на волидони шогирдони мо рисолати аслии худро иҷро карда метавонанд. Маҳз дарки масъулият ҳарду ҷонибро вазифадор менамояд, ки дар тарбияи фарзандон саҳми шоиста бигирем, вагарна  бо мурури замон онҳо моро нахоҳанд бахшид. 
Президенти мамлакат дар Паём  соли 2018 – ро  Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои  мардумӣ эълон доштанд, ки  басо рамзист, зеро минтақаи мо дорои захираҳои бойи табиӣ, манзараҳои зебо ва  чашмаҳои шифобахш мебошад. Бо ин роҳ бевосита Тоҷикистонро метавон ҳамчун манбаи даромад ба нафъи мамлакатамон истифода бурд. Дар ин замина  рушди соҳибкории хурду миёна  низ рӯ ба беҳбудӣ хоҳад овард.
 
Диловар Қодирзода
ректори Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат,  доктори илми иқтисодӣ, профессор