Панҷоҳ нафар соҳиби сертификат гардиданд

11-07-2017
Давоми соли таҳсили ҷорӣ дар маркази таълими забонҳои хориҷии ДИС ДДТТ дарсҳо аз рӯи стандартҳои забономӯзии байналмилалӣ ва дастури Вазорати маориф ва илми кишвар (забонҳои русӣ, англисӣ, немисӣ, хитоӣ ва форсӣ) ба роҳ монда шуданд.
Боиси қайд аст, ки дар маркази таълимии мазкур 12 омӯзгори кордону ботаҷриба ба хонандагон дарс мегӯянд. Аксарияти онҳо дар муассисаҳои бонуфузи таълимии мамолики хориҷа таҷриба андухтаанд. Барои шунавандагони курсҳои кӯтоҳмуддати забономӯзӣ дар маркази таълимии мазкур адабиёти таълимӣ аз давлатҳои хориҷа низ дастрас гардидааст.  Дарсҳо дар курсҳои кӯтоҳмуддати маркази таълими забонҳои хориҷӣ вобаста ба сатҳи забондонии шунавандагон ва мувофиқи донишу хоҳиши онҳо баргузор мешаванд. Соли ҷорӣ курсҳои мазкурро 50 шунаванда хатм карданд.
Дар маросими супоридани серти-фикатҳо директори донишкада Рауф Олимӣ ширкат варзида, ба ҳамаи хатмкунандагон барору комёбӣ таманно намуд.