Озмуни «Тадқиқотчии беҳтарин»

05-06-2017

Дар доираи Барномаи стратегияи рушди маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон филиали Донишкадаи такмили маҳорати касбии омӯзгорон дар ВМКБ озмуни «Тадқиқотчии беҳтарин» - ро гузаронд. Дар озмун 30 хонанда аз таълимгоҳҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят дар бахшҳои фанҳои гуманитарӣ ва  дақиқ донишҳои худро санҷиданд. 

Рамил Чӯпонов, хонандаи синфи 7-и мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ дар ноҳияи Рӯшон таҳти мавзӯи «Истифодаи самараноки оби ҳудуди мактаб» ҷои аввал, Бахтибегим Қурбонова аз мактаби рақами 12-и ноҳияи Рӯшон аз рӯи мавзӯи «Тибби анъанавии мардуми водии Хуф» ҷои дуюм ва Гулнозаи Зӯрбек аз ноҳияи  Роштқалъа аз руи мавзӯи «Чёрная смародина» ҷои сеюмро соҳиб шуданд.