ОЗМУНИ «АРӮСИ НАВРӮЗӢ» ДАР ДМТ

13-03-2017

Бо мақсади тарбияи самарабахши ҷавондухтарон дар рӯҳияи худшиносиву илмгароӣ, одоби оиладорӣ, дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии донишҷӯдухтарон, ки ҳунарҳои хуби ҳозирҷавобӣ, кадбонуию рӯзгордорӣ ва маҳорати намоиши арӯси намунавии хонадони солимро доранд, 25-уми феврал озмуни маърифатӣ-зеҳнии «Арӯси наврӯзӣ» дар миёни донишҷӯдухтарони факултетҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон баргузор гардид. Озмуни мазкур аз ҷониби Вазорати маориф ва илм дар ҳамкорӣ бо кумитаҳои кор бо занон ва оила, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар робита ба иҷрои Нақшаи чорабиниҳо оид ба омодагию баргузории ҷашни Наврӯзӣ байналмилалӣ ва ҷиҳати татбиқи амалии Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020 гузаронида шуд.

         Озмуни маърифатӣ-зеҳнии «Арӯси наврӯзӣ» аз ду давра иборат буда, даври аввали он дар муассисаи таълимӣ ва даври дуюм дар ҷумҳурӣ то 15-уми март гузаронида мешавад. Дар озмуни мазкур, ки миёни донишҷӯдухтарони факултетҳои Донишгоҳи миллӣ гузаронида шуд, донишҷӯдухтарон аз санҷиш ва давраҳои зерини озмун ба хубӣ баромаданд: «Соҳибҷамоли наврӯзӣ» - маҳорати иштирокчиён бо пешниҳоди либосҳои миллии арусӣ,  «Орифа» - маҳорати иштирокчиён дар самти ҳозирҷавобӣ,   «Кадбону» - маҳорати духтарон дар самти омода намудани хуриши наврӯзӣ ва  «Соҳибҳунар» - шарти махфӣ буд ва аз ҷониби ҳакамон саволҳо дар доираи одоби муошират, шартҳои асосии оиладорӣ ва ҳунари тозаю озода нигоҳ доштани либосҳо пешниҳод гардид. 

Аъзои ҳакамон ба маҳорати донишҷӯдухтарони донишгоҳ баҳогузорӣ намуданд, ки ҷои аввал ба донишҷӯи курси 2-юми факутети молиявию иқтисодӣ Ганҷина Сафарова, ҷои дуюм ба донишҷӯдухтарон - Мавзуна Соқиева - донишҷӯи факултети забонҳои Осиё ва Аврупо ва донишҷӯи курси 5-уми факултети механикаю математика Сарвинаи Фармондухт ва  ҷои сеюм ба донишҷӯдухтарон - Дилором Олимова – донишҷӯи курси 3-юми факултети  иқтисод ва идора ва донишҷӯи курси 3-юми факултети тиббӣ Моҳрухсор Ҳабибулоева насиб гардид.

 

Нигора Худойдодова