Муносибати босалоҳият ба таълим падидаи нав нест

10-02-2018
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон семинари омӯзишӣ бо муаллифони китобҳои дарсӣ оид ба муносибати босалоҳият дар таълим баргузор шуд. Нишастро вазири маориф ва илми кишвар Нуриддин Саид ифтитоҳ бахшид. 
Муовини вазир Латофат Назирӣ қайд кард, ки муносибати босалоҳият дар таълим бо вуҷуди ҳамчун падидаи нав қабул шуданаш, аслан дар таърихи таълиму тарбияи халқи тоҷик падидаи нав нест. Зеро тӯли ҳазорсолаҳо мардуми тоҷик донишу таҷрибаи худро ба насли наврас интиқол медоданд ва ба ин васила фарҳанг ва дастовардҳои миллиро аз насл ба насли дигар мерос мегузоштанд. Муносибати босалоҳият дар таълимро ба усули таълимие, ки ҳунармандон (косибон, дуредгарон, оҳангарон, дӯзандагон ва ғайра) барои таълиму тарбияи шогирдонашон истифода мебурданд, муқоиса карда метавонем. ҳунармандон на танҳо донишҳои заминавӣ ва нозукиҳои касби муайянро ба шогирдонашон таълим медоданд, балки малакаву маҳорати онҳоро то ба сатҳи устои моҳир ташаккул медоданд. Моҳияти муносибати  босалоҳият низ ҳамин чиз аст, яъне малакаеро дар сатҳи баланд ва ҳунармандона иҷро карда тавонистан. Мазмун ва мундариҷаи китобҳои дарсӣ бояд ба ташаккули қобилияту маҳорате нигаронида шаванд, ки хонанда онро дарк карда, малакаҳои ҳаётӣ гирифта тавонад. 
Майкл Лайфлут, роҳбари гурӯҳи Лоти 1-Барномаи дастгирии таҳсилоти босифат, таъкид намуд, ки муаллифон дар китобҳои дарсӣ бояд донишро дарҷ намоянд. Омӯзиши ҳақиқӣ он аст, ки хонанда донишҳои пешниҳодшударо ҳазм карда тавонад. 
Президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон Ғуломқодир Бобизода гуфт, ки муносибати босалоҳият дар таълим на танҳо фаъолияти  таълимӣ, инчунин,  тағйири фаъолиятро ба тарзу воситаҳои баҳодиҳӣ низ талаб мекунад. Дар муносибати мазкур фаъолияти маърифатии хонанда ба воситаҳои гуногуни баҳодиҳӣ арзёбӣ мешавад: натиҷаҳои тестҳои гуногуни фаннӣ, натиҷаи корҳои лоиҳавӣ, натиҷаи баҳодиҳии ҷорӣ, портфолиои хонанда ва ғайра. Арзёбӣ дар муносибати босалоҳият дар таълим бо мақсадҳои зерин гузаронида мешавад: муайян кардани сатҳи дониш, малака ва маҳорати заминавии хонандагон, муайян кардани раванди азхудкунии малака ва  маҳоратҳои нав, аз қабили  мустақилона ҳал намудани масъала, доштани андешаи мустақилонаи худ дар иҷрои супоришҳо ва баёни мавзӯъҳо, эҷодкорӣ, таҳия карда тавонистани лоиҳаҳои хурд, презентатсияҳо ва муайян кардани сатҳи ниҳоии натиҷаҳои таълим. 
Директори Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методӣ Комилшо Исоев изҳор дошт, ки муаллифон вақт ва хусусиятҳои психологии дарки маводро бояд дар назар гиранд. Ҳаҷми ҳар як боби китобро бояд он тавре таҳия намоянд, ки хонанда дар давоми на кам аз 20-25 ва на зиёд 30-35 дақиқа онро аз худ карда тавонад. Чунки пас аз 40 дақиқаи кор хонанда монда мешавад ва лаёқати қабули ахборро гум мекунад. Бо мақсади ҳифзи саломатии кӯдакон ва наврасони зарур аст, ки вазни китоби дарсӣ  низ ишора гардад. Бо ин мақсад барои китоби дарсии чопӣ  ченакҳои зерин муайян карда шудаанд:
1-барои синфҳои  1-4 на зиёд аз 300 гр, 2-барои синфҳои 5-6  на зиёд аз 400 гр, 3- барои синфҳои 7,8,9  на зиёд аз 500 гр, 4- барои синфҳои 10-11  на зиёд аз 600 гр. Таносуби ҳаҷми расму ороиши дохили китоб барои синфҳои 1-4 ба миқдори 60-90%, барои синфҳои 5-7 40-60 % ва барои синфҳои 8-11 30% тавсия мешавад.


Дилафрӯз ҚУРБОНӢ, 
«Омӯзгор»